Роҳбарони идораҳои сарҳадии ИДМ дар Душанбе ҷамъ меоянд

Февраль 25, 2019 16:18

ДУШАНБЕ, 25.02.2029 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 26 феврал дар шаҳри Душанбе вохӯрии чоруми минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии минтақаи Осиёи Марказии ИДМ баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод.

«Масъалаҳои фаъолсозии  ҳамкорӣ дар доираи Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ бо сохторҳои кории ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди таҳдидҳо ва хатарҳои нав ба амнияти сарҳадӣ мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт», — гуфт Муҳаммад Улуғхоҷаев.

Зимни ҷаласаи дар пешистода масъалаҳои вазъияти баамаломада баррасӣ гардида, тадбирҳои иловагӣ оид ба муқовимат бар зидди хатарҳои амнияти сарҳадӣ, ки аз ҷониби Афғонистон бармеоянд, андешида мешаванд.

Дар баробари ин гузаронидани Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Муқовимати таъсирбахш бар зидди падидаҳои терроризми байналмилалӣ, экстремизм, қочоқи силоҳ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва савдои одамон чун хатари асосии амнияти сарҳадӣ дар марзи берунаи кишварҳои аъзои ИДМ» дар назар аст.

Чиҳати иштирок дар конфронс намояндагони идораҳои сарҳадии муассисаҳои таълимии кишварҳои аъзои ИДМ дар соҳаи сарҳад, инчунин мақомоти салоҳиятдори Иттиҳод ва ташкилотҳои байналмилалӣ даъват гардидаанд.

 

Февраль 25, 2019 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд