Роҳбарони мақомоти ҳифзи сарҳадии ИДМ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
ДУШАНБЕ, 26.02.2019./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи вохӯрии чоруми минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии минтақаи Осиёи Марказии ИДМ роҳбарони мақомоти ҳифзи сарҳадии ИДМ аз Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон боздид намуданд. Онҳо дар пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, ба арзишҳои волои миллию таърихии миллати бостонии тоҷик арзи эҳтиром ба ҷо оварданд.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ роҳбарони идораҳои сарҳадии Афғонистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Россия ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки дар ин лаҳзаҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии чоруми минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии минтақаи Осиёи Марказии ИДМ ҷараён дорад.
Дар он масъалаҳои фаъолсозии ҳамкорӣ дар доираи Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ бо сохторҳои кории ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди таҳдидҳо ва хатарҳои нав ба амнияти сарҳадӣ мавриди муҳокима қарор мегиранд.








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






