Тағйироти кадрӣ

Февраль 5, 2019 16:00

ДУШАНБЕ, 05.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Фармону Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати роҳбарикунандаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институтҳои тадқиқотии Академияи илмҳо, муовинони Фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор вазорату идораҳо тағироти кадрӣ сурат гирифтанд.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарикунандаи сохторҳои мазкур таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Сӯҳбати муфассалу фарогири тамоми ҷанбаҳои фаъолияти роҳбарони вазорату идораҳои марбута аз таҳлилу баррасӣ ва масъалагузориҳои ҷиддӣ, ки дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ шуд, сурат гирифт. Сардори давлат дар идомаи сӯҳбат таъкид намуданд, ки муносибат ба кор дар фаъолияти ҳар як роҳбар бояд аз нигоҳи равандҳои ҷаҳонишавӣ ва дидгоҳи замонавӣ сурат гирифта, ташаббуси навоварӣ, завқи баланди зебоипарастӣ ва нигоҳи тоза дар ҳалли мушкилоту монеаҳои сунъӣ вазифаи асосии ҳар фарди ватандӯст бошад.

Ҳамин тавр бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Машраб Ибодулло Раҳмон бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Насредин Исматулло бо сабаби ба вазифаи дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоҳиён Абдусаттор бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Салим Носирҷон Юсуфзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Қодирзода Диловар Баҳриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат, Наврӯзшоев Довутшо бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи директори Институти биологии Помир ба номи Х.Ю.Юсуфбекови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳиддинов Зайниддин Қамарович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Акрами Зикриё Иномзод бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзораҳимов Акобир Каримович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, ваколати директори Институти илмҳои гуманитарии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфбеков Шодихон Парвонаевич бо сабаби вафоташ қатъгардида ҳисобида шуд.

Бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сайфуллои Сафар Саъдуллозода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муминова Фарида Маҳмудовна аз вазифаи муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардиданд.

Тағйироти кадрӣ 05.02.2019

Февраль 5, 2019 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Драупади Мурму ва Нарендра Модӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Искандар Муъминиро ба ҳузур пазируфтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Декани Коллегияи кардиналҳои Тахти Муқаддас Кардинал Ҷованни Баттиста Ре барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Малайзия Анвар Иброҳим барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Ба зарардидагони заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод кумакҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фиристода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бартарафсозии оқибатҳои заминҷунбӣ дар водии Рашт супориш доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки Ҷаҳонӣ Анна Бйерде ва Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ Антонелла Бассаниро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум