Тоҷикистону Қатар бо терроризм ва экстремизм муборизаи якҷоя хоҳанд бурд

Февраль 19, 2019 09:30

ДУШАНБЕ, 19.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. 16-18 феврали соли равон бо даъвати расмии Сарвазир-Вазири корҳои дохилии Давлати Қатар Шайх Абдулло бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода  ба шаҳри Доҳаи Давлати Қатар сафар намуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар Рамазон Раҳимзода бо Сарвазир- Вазири корҳои дохилӣ, Прокурори генералӣ, Намояндаи махсуси Давлати Қатар оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва роҳбарияти Коллеҷи полиси Давлати Қатар мулоқот намуда, аз Кумитаи тадорукоти Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол — 2022 боздид ба амал овард.

«Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони воломақоми қудратии Давлати Қатар ҳамкории дуҷонибаро дар самти таъмини амният, тартиботи ҷамъиятӣ, муборизаи муштарак бар зидди терроризму экстремизм, ифротгароии хушунатомез, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои замони муосир мавриди муҳокима қарор дод», — илова намуд манбаъ.

Зимнан, бояд гуфт, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қатар моҳи декабри соли 1994 барқарор шудаанд. Заминаи ҳуқуқии ҳамкории ҳарду мамлакатро созишномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ташкил медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни сафари мазкур бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкорӣ байни Академияи Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Коллеҷи полиси Давлати Қатар Протоколи ҳамкорӣ дар соҳаи таълимоти полисӣ ба имзо расид.

Февраль 19, 2019 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид