«Тоҷикстандарт» воридоти 18 тонна чойи пастсифатро пешгирӣ намуд

Февраль 23, 2019 10:15

ДУШАНБЕ, 23.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») воридоти 18 тонна чойи пастсифатро ба бозорҳои ҷумҳурӣ пешгирӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз «Тоҷикстандарт» хабар доданд.

«Дар доираи корҳои сертификаткунонӣ дар раванди гузаронидани ташхиси намунаи чойи сиёҳи истеҳсоли Ҳиндустон, ки тибқи санади гирифти намуна ба озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хўроквории дастгоҳи марказии Агентӣ пешниҳод шудааст, муайян карда шуд, ки  намунаи чойи сиёҳи пешниҳодгардида аз рўи нишондоди сифат (таркиби моддаҳои фаъоли тезҳалшаванда дар об) ба талаботи ҳуҷҷати меъёрӣ – ГОСТ 32573-2013 «Чойи сиёҳ. Шартҳои техникӣ» мутобиқ нест. Бо назардошти ин, дар ҳамкорӣ бо намояндагони Хадамоти гумрук миқдори умумии чойи воридгардида, ки 18 000 кг-ро ташкил медод, тибқи низоми «Реэкспорт» аз қаламрави ҷумҳурӣ берун бароварда шуд», — афзуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки дар самти ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифату ба саломатӣ хатарнок аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» мунтазам тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Қабули ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии талаботи ҳатмидошта-Регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсеа додани фаъолияти озмоишгоҳҳои ташхисӣ ҷиҳати пешгирии воридоти маҳсулоти ғизоии пастсифат ба бозори истеъмолӣ мусоидат менамояд.

«Бо истифода аз фурсат, аз соҳибкорону воридкунандагони маҳсулоти ғизоӣ хоҳиш менамоем, ки дар самти ворид намудани молу маҳсулот ба қаламрави мамлакат манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсӣ боло нагузоранд ва ифтихору дарки баланди ватандўстӣ дошта бошанд», — таъкид менамояд «Тоҷикстандарт».

Февраль 23, 2019 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид