Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қобилияти таъмини оромию ҳаёти осоиштаро доранд,-бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ дар қисмҳои низомии ноҳияи Фирдавсӣ

Февраль 22, 2019 08:38

ДУШАНБЕ, 22.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар қисми низомии  01-23-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба 26-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад инчунин сарбозону афсарони қисмҳои низомии 01-21-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ва 100-40-и Вазорати мудофиаи ҶТ, ки дар ноҳияи мазкур ҷойгиранд, ширкат варзиданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ медиҳад, қабл аз оғози ҷамъомади идона иштирокдорону меҳмонон, собиқадорони ҷангу меҳнат, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, гирандагони стипендияҳои президентӣ ва стипендияҳои Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони  муассисаву ташкилотҳои ноҳия ва падару модарон бо шароити зисти афсарону сарбозон шинос гардиданд.

Сипас дар толори Маркази таълимии «Пойтахт» ҷамъомади тантанавӣ оғоз гардид.  Гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳакам намудани қобилияти мудофиавии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароити моддиву техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамояд.

Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли 26 соли таъсис баҳри ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва мудофиаи марзу буми кишвар дар давраҳои тақдирсози миллат барои соҳибистиқлолии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд. Имрӯз он қобилияти таъмини Истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромию ҳаёти осоиштаро дошта, вазифаҳои худро дар таъмини тинҷию осудагӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ содиқона ва софдилона иҷро менамояд.

Меҳмонону собиқадорон низ оид ба таҳкими сулҳу субот дар кишвар, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳарф зада, ҷавононро ба ватандӯстиву хештаншиносӣ,  ҳимояи  Ватан — модар ҳидоят намуданд.

Дар анҷоми ҳамоиш ба ҳайати шахсии афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла телевизорҳо ва сипосномаву ифтихорномаҳо тақдим гардиданд.

Ҳунарнамоии дастаи ҳунарии Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ» ба ҳамоиш шукӯҳи тоза бахшид.

Февраль 22, 2019 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон