«ЗАБОН ОЯД БА КАС ЧУН ШИРИ МОДАР…». Имрӯз дар саросари дунё Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҷлил мегардад

Февраль 21, 2019 10:05

ДУШАНБЕ 21.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Забони модарӣ нахустунсури нишона ва ҳастии миллату давлат, нахустомили ҳифз ва рушди мероси фарҳангӣ, сарвати маънавӣ, муҳимтарин, арзишмандтарин ва қадимтарин дороии башарӣ маҳсуб меёбад. Забони модарӣ маҳз тавассути эҳсоси баланди дарки миллӣ, худогоҳиву ифтихори ватандорӣ, арҷгузорӣ ба каломи ширину гуворои Модар, мероси бойю гаронбаҳо ва арзишманди соҳибзабонони бофазламон ифодагари ҳастии миллату давлат аст.

Ба ин хотир ҳамасола  21 феврал дар тамоми ҷаҳон Рӯзи  байналмилалии забони модарӣ таҷлил карда мешавад. Ин рӯз дар иҷлосияи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17 ноябри соли 1999 баргузор гардида буд, бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон эълон гардид. Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии забони модарӣ  хабарнигори АМИТ «Ховар» бо  сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котиботи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҷабалӣ Сангов ҳамсуҳбат гардид. 

Ба гуфтаи Раҷабалӣ Сангов, иқдоми ЮНЕСКО дар масъалаи қабули Рӯзи байналмилалии забони модарӣ- ин даъват кардани давлатҳои рӯйи олам ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳимояи ҳамаи забонҳо, аз ҷумла забонҳои ақаллиятҳои миллие, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ба онҳо хавфи нобудшавӣ таҳдид мекунад, мебошад.

«Албатта, ҷаҳонишавӣ ба забонҳои ақаллиятҳои миллӣ ва забонҳои камнуфус бе асар намемонад. Рушди ҷаҳони муосир, агар аз як ҷиҳат заминаҳои мусоидеро барои ташаккули гурӯҳе аз забонҳои рӯи олам фароҳам оварад, ба гурӯҳи забонҳои қисми дигари ақаллиятҳои миллӣ таъсиргузор аст. Бинобар ин, мутахассисон бар он андешаанд, ки агар ҳоло ҷиҳати устуворӣ ва пойдории зиёда аз 7000 забони дар муоширатбудаи рӯи олам тадбирҳо андешида нашаванд, пас то охири садсолаи равон ба қисме аз забонҳои дар муоширатбуда, махсусан забонҳои ақаллиятҳои миллӣ хатари нестшавӣ таҳдид мекунад. Хатари нестшавии забонҳо метавонад инсониятро аз муҳимтарин, арзишмандтарин ва қадимтарин дороии башарӣ, ки ҳазорсолаҳо инҷониб нақши муҳими муоширату муносибатро иҷро намудааст, маҳрум созад», — иброз намуд Р.Сангов.

Тавре мусоҳиб зикр намуд, мувофиқи маълумоти расмӣ, алҳол ба зиёда аз 2 ҳазору 465 (43%)-и забони рӯи олам хатари маҳвшавӣ таҳдид дорад. Хатари маҳвшавӣ ҳатто ба забони ақаллиятҳои миллии маскуни давлатҳои абарқудрати сайёра, аз қабили Ҳиндустон ба 197 забон, ИМА ба 191 забон, Бразилия ба 190 забон, Чин ба 144 забон, Индонезия ва Мексика ба зиёда аз 140- забонӣ мавҷуд аст. Мувофиқи маълумоти харитаи забонҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО, танҳо давоми ҳаёти се насли одамӣ дар рӯи олам 200 забон тамоман маҳв шуда, 500 забон дар ҳолати ногувор қарор доранд ва ба 500 забони дигар хавфи нестшавӣ таҳдид мекунад. Ба зиёда аз 1000 забони дигар хавфи ҷиддии ноустуворӣ таҳдид дорад.

Шоир беҳуда нагуфтааст:

Забон ояд ба кас чун шири модар,
Аз ин рў  асли ҷон аст, асли ҷон аст…

Бино ба суханони  Р.Сангов, забони модарӣ ҳамчун симо ва таҷассуми ҳастии миллат яке аз чор унсури миллии фарҳангу маданияти маънавӣ дар баробари адабиёт, илм ва фалсафа буда, рушду ташаккул ва такомули фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад. Аз таърихи инсоният маълум аст, ки бар асари истилову истисмор, ғоратгариву сӯхтор ва қатлу куштори бераҳмона забони модарии қавму халқият ва миллатҳои зиёде гум шудаанд ва ё бар асари тағйирёбӣ ва ё махлутии таркиби луғавӣ ва грамматикии забони модариашон аз муҳимтарин мероси фарҳангӣ, сарвати маънавӣ ва миллии худ маҳрум мондаанд. Халқияту миллатҳое ҳам ҳастанд, ки бар асари амали ғосибонаи қавму халқиятҳои дигари истисморгар забони модарӣ ва хати онҳоро ҳамчун забони модарии худ пазируфтанд ва ба ҳукми талхи таърих аз он ба баъд мероси фарҳангии худро ба забони ғайр интишор намуданд.

«Хушбахтона, забони модарии мо бо вуҷуди таҳаввулоти ҷиддию сиёсии зиёди таърихӣ на ин ки маҳв нагардид, балки бо мурури замон дар Эрону Афғонистон, қисматҳои Покистону Ҳиндустон, Туркистон, Осиёи Миёна ва ҳудудҳои Қафқозу Қошғари Чину баҳри Хазар густариш ёфта, ба мақоми баланди илмию фарҳангӣ ва таърихӣ расид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикиро яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷаҳон ҳисобида, маҳз дар Мовароуннаҳру Хуросон ташаккули ёфта, ба эҳёи тафаккури миллии форсизабонон ва густариши адабиёти классикии тоҷику форс замина гузоштанро таъкид менамоянд.

«Бисёрзабонӣ раванди мақсадноки ошноӣ ба фарҳанги ҷаҳонӣ ва ба ин васила пайдо намудани донишу фаҳмиши замонавӣ, азхудкунии фарҳангу таърих ва таҷрибаи иҷтимоии давлат ва халқҳои гуногун ба шумор меравад. Барои ҳимоя ва рушди фарҳангҳои гуногун, аз ҷумла бо инобати фарҳанги забонӣ қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри муайянро вобаста ба ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба муносибат ба забон муқаррар намудааст. Дар Тоҷикистон ба забонҳои ақаллиятҳои миллӣ ва ғайридавлатӣ эҳтироми хосса зоҳир мегардад»,- изҳор намуд Р.Сангов.

Бо иттилои Раҷабалӣ Сангов,  мувофиқи омори расмии самти маорифи кишвар, айни замон дар ҷумҳурӣ аз 3 ҳазору 869 муассисаи таълимии мавҷуда 26 муассисаи таълимӣ ба забони русӣ, 74 муассисаи таълимӣ ба забони ӯзбекӣ, 27 муассисаи таълимӣ ба забони қирғизӣ, 1 муассисаи таълимӣ ба забони туркманӣ ва 2 муассисаи таълимӣ ба забони англисӣ фаъолият доранд. Дар маҷмӯъ дар 608 муассисаи таълимии дигар таҳсил ба забонҳои омехтаи тоҷикӣ-русӣ (141), тоҷикӣ-русӣ-ӯзбекӣ (11), тоҷикӣ-русӣ-англисӣ (7), тоҷикӣ-узбекӣ (403), тоҷикӣ-узбекӣ-қирғизӣ (1), тоҷикӣ-қирғизӣ (28), тоҷикӣ-туркманӣ (5), тоҷикӣ-англисӣ (1) ба роҳ монда шудааст.

Аз 86  ҳазору 385 гурӯҳҳои (синфҳои) таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ дар 9437 адади он таълим ба забони ақаллиятҳои миллии русиву ӯзбекӣ, қирғизӣ, туркманӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, дар онҳо дар маҷмӯъ 216 430 нафар хонандагон таълим мегиранд.

Мояи ифтихор аст, ки аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози истиқлолият барои рушди забони миллӣ ва ташаккулу таҳкими мақоми давлатии он дар умури сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар пайваста тадбирҳои муассир андешида шуда, ҷиҳати пешбурди он тамоми заминаҳо фароҳам оварда шудааст. Дар тӯли бисту ҳашт соли соҳибистиқлолии миллии кишвар забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии давлату ҳукумат қарор дошта, ҳамчунин доираи амали забонҳои дигари қаламрави мамлакатро низ муайян намудааст.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Февраль 21, 2019 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад