ЗОҲИДОНИ ЗОҲИРПАРАСТ… Чаро онҳо бо низоми дунявӣ дар тазоданд? Шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон дар ин ҳафта

Февраль 21, 2019 15:05

ДУШАНБЕ, 21.02.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Матбуоти даврии  Тоҷикистон ҳафтаи равон рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон  ва хориҷи онро бозтоб намудааст.

«Ҷумҳурият»- нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шумораи 38, чоршанбе,  20 феврали соли 2019  таҳти унвони «Рушди неруи инсонӣ ва қудратҳои зеҳнӣ дар партави Паём» андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Назри  Яздониро мунташир намудааст. Шоири халқии Тоҷикистон паёмҳои  Пешвои миллатро ба Парлумони мамлакат таҳлил намуда, андешаҳояшро чунин баён кардааст: «Дар паёмҳои чанд соли охир истилоҳҳои «Рушди инсонӣ», «Беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ», «Зиндагии шоиста», «Ҳамқадами илму технологияи  мусоир будан», таъбирҳои илму дониш, маърифат, одоб, ахлоқ,  муоиширати шоиста ва монанди инҳо  дар баробари таъбирҳои рушду   тараққии саноат, саноатикунонии кишоварзӣ,  дар  маркази диққати ҳамешагӣ қарор додани саломатии миллат,  ки дар ҳуҷҷатҳои стратегии сиёсати Ҳукумати  ҷумҳурӣ ҳамчун  сармояи давлат шинохта  шудааст, ба ҳукми таъбиру  калимаҳои калидӣ  дида мешаванд».

Чун ҳамасола 21 феврал ҷомеаи ҷаҳон  дар асоси Қарори ЮНЕСКО   Рӯзи байналмилалии  забони модариро ҷашн мегирад, нашрияи расмии «Ҷумҳурият» мақолаи  сардори шуъбаи  таъминоти ҳуқуқии  Вазорати маориф  ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон Раҷабалӣ  Санговро бо номи «Забон ҳастии миллат»  интишор намудааст. Муаллифи мақола  андешаҳояшро роҷеъ ба таърихи зуҳури Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, татбиқи Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи забони   давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон», истифодаи озоди забони модарии дигар халқу миллатҳои муқими Тоҷикистон дар муассисаҳои соҳаи маориф, ки дар онҳо таълим бо  забонҳои гуногун ба роҳ монда шудааст, баён кардааст. Аз ҷумла,  дар мақола гуфта мешавад, ки  «мувофиқи омори расмии  маорифи кишвар айни замон дар ҷумҳурӣ  аз 3869  муассисаи  таълимии мавҷуда  26 муассиса ба забони русӣ,  74 муассиса ба забони ӯзбекӣ,  27-тоаш ба забони қирғизӣ, 1-то ба забони туркманӣ  ва ду муассисаи таълимӣ ба забони англисӣ  фаъолият дошта,  дар маҷмӯъ, дар 608 муассиса таҳсил ба забонҳои омехтаи  тоҷикӣ-русӣ (141), тоҷикӣ-русӣ-ӯзбекӣ (11), тоҷикӣ-русӣ-англисӣ (7), тоҷикӣ-ӯзбекӣ (403), тоҷикӣ-ӯзбекӣ-қирғизӣ (1), тоҷикӣ-қирғизӣ (28), тоҷикӣ-туркманӣ (5), тоҷикӣ-англисӣ (1) ба роҳ монда шудааст».

Инчунин хонандагони «Ҷумҳурият» имкон доранд аз ин шумора мақолаҳои «Имтиёзҳои  соҳибкорӣ: кӣ аз онҳо бархӯрдор аст?», «Омор ҷараёни хуби  гузариш ба ҳисоботи электронӣ», «Куҳаншаҳри ҳамешаҷавон», «Зоҳидони зоҳирпараст чаро бо низоми  дунявӣ дар тазоданд?» ва дигар хабару гузоришҳоро аз ҳаёти кишвар мутолиа созанд.

«Садои мардум»-нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     дар шумораи 20,  сешанбе,  19 феврали соли 2019 дар радифи чопи хабару гузориш аз фаолияти Парлумони мамлакат андешаҳои  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, узви  Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Наргис Раҳмоноваро  таҳти унвони «Терроризм хатар ба амнияти ҷомеа мебошад» мунташир намудааст.  Ҳамзамон дар ин шумораи «Садои мардум»  мақолаҳои «Паёми Пешвои миллат  ҳуҷҷати сарнавиштсоз аст», «Ҳифзи  ёдгориҳои  таърихӣ  масъулияти баландро тақозо менамояд»,  «Барои тарбияи кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад», «Осорхонаи  миллӣ. Таърих инҷо  бо рамзу роз сухан мегӯяд» ва дигар хабару мақолаҳо  ба нашр расидаанд.

«Народная газета»- нашрияи русзабони Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шумораи  9, чоршанбе,  20 феврали соли равон дар баробари  нашри Амри Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», инчунин мақолаҳоро таҳти унвони «Таджикистан: экономическое  развитие в гармонии с природой», «Вместе сохраним родной язык», «Цель реформы усовершенствование  системы безопасности страны», «День  защитника  Отечества –праздник  настоящих мужчин», «Корабль счастья» , «Более 45 лет на страже закона», «Как повысить  интерес к чтению  у школьников»   ва дигар хабару гузоришҳоро аз  ҳаёти  мамлакат ва минтақа мунташир намудааст.

«Мароми пойтахт»- нашрияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/  дар шаҳри Душанбе дар шумораи 7, чоршанбе,  20 феврали соли 2019   гузориши муфассалро аз ҷараёни баргузории  ҷаласаи ХIХ  Шӯрои машваратӣ  оид ба беҳтар намудани фазои  сармоягузорӣ, ки 20 феврал дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, чоп намудааст.  Инчунин хонандагони «Мароми пойтахт» аз ин шумора имкон доранд мақолаҳои  «Қувваҳои  мусаллаҳ  -сипари боэътимоди давлат», «Имрӯзу фардои мо боз ҳам равшантар хоҳад шуд», «Таҳаммулгароӣ –омили пешгирии ифротгароӣ», «Эҳёи таомҳои миллӣ –рисолати мо», «Кулолгарӣ –баёнгари  фарҳанги қадимаи  тоҷикон», «Фазилатгуҳар –муждарасони саодат» ва дигар  хабару гузоришҳоро дар иртибот ба фаъолият  ҲХДТ мутолиа созанд.

Февраль 21, 2019 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРОИ АЗ БАНДИ ХУРОФОТ РАҲО ШУДАН ЧӢ БОЯД КАРД? Андешаи чанд нафар намояндагони касбу кори гуногун дар ин мавзуъ
Чӣ бояд кард, то шахс ба доми хатарбори ҳизбу созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ наафтад?
Тоҷикистон даҳсолаҳо боз дар сафи пеши муқовимат бо терроризми байналмилалӣ қарор дорад
НАДОНИСТАНИ ҚОНУН ҶАВОБГАРИРО ИСТИСНО НАМЕКУНАД! Ахбороти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои террористӣ-экстремистие, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон манъ карда шудааст
Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар шаҳри Норак вохӯрӣ доир гардид
Дар минтақаи Кӯлоб оид ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирии хурофотпарастӣ ҷаласа доир гардид
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Дар Душанбе вобаста ба хатари хурофот ва ифротгароӣ ҳамоиш доир шуд
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд