Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб вобаста ба ифротгароии динӣ ва роҳҳои пешгирии он дар маҳал конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 02.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 январ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро таҳти унвони «Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳал» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Дар конфронс иброз гардид, ки «дар ҷомеаи имрӯзаи мо зуҳуроти номатлубе ба мушоҳида мерасад, ки ба зеҳну андешаи ҷавонон бетаъсир намемонад. Маълум аст, ки хатарноктарин зуҳуроти ҷомеаи муосир терроризму экстремизм аст ва онро вабои аср мехонанд».
«Ҳар фарди солимфикри ҷомеаро мебояд дар мубориза ба муқобили амалҳои номатлуб, махсусан ифротгароиву тундгароӣ ва даҳшатафканӣ, яъне терроризм мубориза бурда, ҷавононро ба роҳи рост, донишандӯзӣ, омӯзиши касбу ҳунар ва анҷоми корҳои созандагию ободсозии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намояд. Зеро оқибати ин амалҳои номатлуб хатарноку фоҷиабор аст», -таъкид шуд дар конфронс.
Дар конфронс дар мавзӯъҳои «Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», «Заминаҳои ҳуқуқии пешгирии ифротгароии динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Бартарии давлати дунявӣ дар чист?» маърӯзаҳо пешниҳод гардид.
Таъкид шуд, ки ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мебаранд. Аз ин рӯ равшанфикрону зиёиён, сиёсатмадорон, мутахассисон ва уламои дин, ки дар назди ҷамъият ва давлат эҳтиром доранд, бояд бо ин амали номатлуб мубориза бурда, дар суҳбату вохӯриҳо ҳадафҳои ғаразноки ин гурӯҳҳоро ба мардум фаҳмонанд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд.
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Бо сокинони шаҳри Конибодом дар мавзуи худогоҳию худшиносии миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
Дар мавзуи «Худогоҳию худшиносии миллӣ – василаи мубориза бо таассуб ва хурофот» бо сокинони шаҳри Исфара вохӯрӣ доир шуд
Кормандони Суди конститутсионии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоати шаҳри Турсунзода вохӯрӣ намуданд
Дар шаҳри Турсунзода оид ба шарҳи роҳҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм вохӯрӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Дар Палатаи ҳисоб оид ба экстремизму терроризм ва роҳҳои пешгирии он машғулияти омӯзишӣ баргузор шуд






