«ҲАМЧУ ЯК СУННАТУ ЯК БОВАРИ МО, ОРД ПОШИД БА НАВРӮЗ САҲАР МОДАРИ МО…». Шоир Лаълҷубаи Мирзоҳасан дар мавриди вижагиҳои Наврӯзи Бадахшон

Март 15, 2019 08:27

ДУШАНБЕ, 15.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз айёми тавозуни байни табиат ва инсон буда, баробари дигаргунии куллӣ дар табиат рӯҳи инсонро низ ба маротиб тағйир медиҳад ва ӯро ба рӯзи неку рӯзгори обод умедвор месозад. Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминиаш намунаи фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини  маънавӣ фароҳам овардааст.

Басо рамзист, ки ҳамасола ҳамчун падидаи неки наврӯзӣ дар арафаи ин ҷашни мубораки миллиамон мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони аҳли зиёи кишварамон  доир мегардад. Эҳёи ҷанбаҳои мардумии Наврӯз, тарғибу таблиғи мунтазами суннатҳои ин ҷашни бостонӣ, оммавӣ гардонидани ғояву арзишҳои ҷовидонаи он ва ба ин восита таҳким бахшидани пояҳои фарҳангии зиндагии ҷомеаи мо яке аз вазифаҳои муҳимтарини аҳли зиё мебошад.

Сарвари давлат зимни яке аз суханрониҳояшон зикр намуда буданд, ки дар даврони соҳибистиқлолии давлатамон зиёиёни кишвар ба як неруи тавоно табдил ёфта, дар таҳкими маънавиёти ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллиамон иштироки фаъолона доранд.

Дар робита ба ин  гуфтаҳои Сарвари давлат зиёиёни мамлакат бо дарки масъулияти баланди ватандӯстӣ барои ташаккули андеша ва тафаккури пешрафта, тарғиби дастовардҳои истиқлолият, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва тавсеаву густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ дар ҷомеа саъю талош карда истодаанд.

Дар мавриди пайванди баҳору Наврӯз, вижагиҳои хоси Наврӯзи Бадахшон, нақши зиёиёни тоҷик дар тарғиби комёбиҳои миллат ҳамчун неруи пешсафу пешбаранда ва ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлолият бо шоир,  раиси шуъбаи бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Лаълҷубаи Мирзоҳасан суҳбати телефонӣ анҷом додем, ки манзури хонандагони сомона мегардад.

АМИТ «Ховар»: Шогун баҳор муборак Устод.

Лаълҷубаи Мирзоҳасан: Ташаккур, ба шумо ҳам муборак бошад.

АМИТ «Ховар»: Табъи мардуми Бадахшон дар ин рӯзҳои зебову гарми баҳорӣ чӣ гуна аст? Пайки Наврӯзу баҳор аз худ дарак додааст ё ҳанӯз ҳам не? 

Лаълҷуба Мирзоҳасан:  Имрӯз тамоми мардуми шарифи  тоҷик  ба иди баҳор-арӯси сол ва Наврӯзи байналмилалӣ омодагӣ мебинанд ва ин омодагиҳо идома доранд. Бо дили пур аз муҳаббат ва сари баланд ман ба ин Ватани азиз мегӯям:

Ба ин афсонакишвар ҳар замон шукрона бояд кард,
Ба ин ободии ҷаннатнишон шукрона бояд кард.

Тавре мегӯянд:

Бе меҳри Ватан чу булбули бечаман аст,
Бегонатарин одами хоки Ватан аст.
Оне, ки напайваст ба хоки ватанаш,
Бар хоки Ватан чу мурдаи бекафан аст.

Имрӯз дар Бадахшон тавре ки мардум мегӯянд, “баҳор бо зимистон ҷанг дорад”.  Агар дар ҳамвориҳо сабза сар баланд карда бошад, вале дар  миёнакӯҳҳо  ва теғаи кӯҳҳо ҳанӯз барф буда, зимистон ҳукм меронад. Аммо дили мардум аз омад – омади баҳор ва Наврӯз гарм аст. Дар дили мардум аллакай оҳанги наврӯзӣ тантана мекунад. Мардум бо умед ба рӯзҳои ҷашни Наврӯз омодагӣ мебинанд ва шодиву фараҳу  хурсандӣ дар ҳар дили поки мардуми ин сарзамин ва ҳар як хонадон баръало эҳсос мешавад. Ман бо боварии том гуфта метавонам, ки қадамҳои нахустини Наврӯз ба Бадахшон низ наздик омада истодаанд. 

АМИТ «Ховар»: Муҳим, ки мардум табъи идона доранд ва интизори баҳору Наврӯз ҳастанд.

Лаълҷуба Мирзоҳасан:  Бале, ҳама интизори Наврӯзанд. Бунёдкориҳои зиёд аст имрӯз дар Бадахшон. Мардум ҳама сарҷамъона ба тозаву покизагии роҳҳои пурбарф машғул ҳастанд. Пайки Баҳору Наврӯз мардуми Бадахшонро боз ҳам дилгармтар кардааст.

АМИТ «Ховар»: Устод,  мехостам барои хонандагони сомонаи «Ховар» каме дар бораи ҷашни Наврӯзи Бадахшон ва таҷлили он дар деҳкадаҳо қисса кунед.  Кадом анъанаҳое ҳастанд, ки то ҳанӯз байни мардум маъмуланд?  Вижагиҳои хоси ҷашни Наврӯзи   Бадахшон кадомҳоянд? 

Лаълҷуба Мирзоҳасан:  Дар ҳақиқат ҳам Наврӯз қариб дар ҳар як минтақа ба вижагиҳои худ молик аст. Аз ҷумла, дар Бадахшон низ ҷашни Наврӯз баъзе суннатҳову  анъанаҳои хоси худро дорад. Мутаассифона, баъзе аз онҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта истодаанд, вале қисмати зиёди онҳо побарҷо ҳастанд  ва мо бояд кӯшиш кунем, ки ин оинҳои наврӯзӣ аз байн нараванд. Дар «Наврӯзнома»-и  Умари Хайёми Нишопурӣ  гуфта шудааст: «агар аҳли хонавода дар ҷашни Наврӯз бо ҳам бошанд, то соли дигар бо ҳам хоҳанд буд». Ана ҳамин чиз дар байни мардуми Бадахшон  то имрӯз роиҷ аст. Вақте ҷашни Наврӯз меояд,  аҳли хонавода агар дар ҷойҳои дур низ бошанд, ҳатман ҳамон бегоҳ сарҷамъ мешаванд, бо умеде, ки то соли дигар сарҷамъ бошанд. Инчунин дар рӯзи Наврӯз сухани бад намегӯянд. Зеро мегӯянд, ки  агар дар ин рӯз сухани бад ва зишт гӯед,  ин зиштӣ  ҳамроҳи инсонҳо то Наврӯзи дигар мемонад. Ҳатто мегӯянд, ки агар мардум бо ҳам қаҳрӣ бошанд, ҳатман дар Наврӯз  бо ҳам оштӣ  мекарданд. Ҳамаи ин вижагиҳо   то имрӯз ҳастанд. Имрӯз хонатаконӣ дар тамоми Тоҷикистон маъмул аст. Вақте ки дар Бадахшон хонатаконӣ мешаваду он  ба охир мерасад, мардумон бегоҳӣ химчаҳо дар даст ҳамчун гул ба хона  ворид  мешаванд, кадбонуи  хона дар даромадгоҳи хона меистад ва аҳли хонавода як-як «шогун баҳор муборак»,  гӯён ба хона ворид мешаванд. Кадбонуи хона бо дасти рост ба китфи рости аҳли хонавода орд мепошад, ин маънои сафедӣ, рӯшноӣ ва ободии зиндагиро дорад. Ман низ дар ин бора як шеъре эҷод кардаам:

Рӯзи  Наврӯз сари шонаи ман,
Дар дили пойгаҳи хонаи ман.

Орд пошид ба Наврӯз саҳар модари мо,
Ҳамчу як суннату як бовари мо.

Бо ҳама армонаш, аз лаби ғунчаи ангуштонаш,
Гӯӣ як суннати кӯҳистонист,

Ҳикматаш собиқаи инсонист.
Аз навиштори Авастои ҷаҳони софист,

Рамзи  испедию умри покист.
То ки испед бувад роҳ ба сӯи фардо,

То ки испед шавад пайраҳаи бахт дар ин олами пур аз савдо,
То ки испед бувад ҷодаи дунёи ману  ту чу яке рӯзи хушу хуршедӣ.

Кӯр гардад ба ҷаҳони ману ту навмедӣ,
То  кунун сабз бувад нақши пайи ангуштон.

Ҳамчу  умеди ту эй модари ҷон,
Нақши ангушти ту дар шонаи ман.

Танга- тангаст маро то ба ҳамин дам равшан,
Равшанӣ то фардост, равшании раҳи мост.

АМИТ «Ховар»:  Устод, тавре медонем, дар замони Шӯравӣ то андозае барои таҷлили ҷашни  Наврӯз маҳдудиятҳо буданд. Насли калонсол, аҳли зиёи тоҷик талош мекарданд, то Наврӯзро бо ҳама арзишҳои волояш дар қалбу зеҳни меросбарон зинда нигоҳ доранд. Ва иқболи баланди мову шумост, ки дар замони Истиқлолият ин ормонҳои миллӣ ҷомаи амал пӯшиданд ва имрӯзҳо Наврӯзи мо  ҷашни ҷаҳонӣ шуда, дар тамоми дунё таҷлил мегардад. Насли ҷавон дар Бадахшон ба ин ҷашни бузурги миллиямон чӣ гуна арҷ мегузоранд ва то чӣ андоза таваҷҷуҳ  доранд?

 Лаълҷуба Мирзоҳасан: Наврӯз бо баҳор тавъам ва баробар меояд.  Ин ҷо зиндашавии табиат аст. Ҷавонон  бо дили пок ва чӣ қадар хушнудӣ  Наврӯзро интизор мешаванд. Боз бозиҳои махсуси ҷавонон ҳастанд, аз ин рӯ ҷавонон бештар Наврӯзро интизор мешаванд, ки кай Наврӯз фаро мерасад. Ҷавонон дар баҳору Наврӯз бисёр беқарор шуда, шодиву хурсандӣ мекунанд. Базмҳо меороянд. Ба қавле ҷавонӣ мекунанд. Ҷавонони мо имрӯз хеле огаҳ ҳастанд. Бештари ҷавонони мо аз таърихи чандҳазорсолаи Наврӯз маълумот доранд.

АМИТ «Ховар»:  Тавре гуфтем, дар ҳар минтақаи Тоҷикистони азизамон  Наврӯз  вижагиҳои хос дорад. Дар Бадахшон кадом гул рамзи Наврӯз аст ва оё миёни мардум анъанаи  гулгардонӣ мавҷуд аст? 

Лаълҷуба Мирзоҳасан: Бале, тавре маълум аст, то Наврӯз ҳавои Бадахшон сард аст. Бинобар ин химчаҳои  ниҳолҳоро мегиранду ҳамчун рамзи гул  истифода мекунанд. Инчунин суманакро, ки ранги сабз дорад, гирифта, ҳамдигарро табрик мекунанд. Зеро суманак  рамзи ҳаёти пур аз нишот аст. Дар гузашта маъшуқаҳо ба ошиқашон рӯймолчаҳо  ва себи сурх ҳадя мекарданд. Имрӯз тадриҷан ҷои ин чизҳо маҳдуд шуда истодааст. Бояд ин чизҳо аз байн нараванд. Дар Наврӯз инчунин ҷавонон ҳамдигарро бо шеъру суруд  табрик мекунанд ва доирабазм мешавад.

АМИТ «Ховар»: Дар Бадахшон кадом хӯрокҳои миллии наврӯзӣ омода карда шуда, дастархони наврӯзиро зеб медиҳанд?  

Лаълҷуба Мирзоҳасан: Дар Бадахшон дар айёми Наврӯз хӯрокҳои махсус омода мекунанд. Аз тут нон мепазанд. Инчунин аз чарбу таом мепазанд, ки ин танҳо хоси Наврӯз аст. Донаи гандум бирён мекунанд. Каллаву почаро бо гандуми кӯфта якҷоя карда мепазанд, ки инро дар Бадахшон боҷ  мегӯянд. Ин хӯрокҳо хоси Наврӯз мебошанд, ки то имрӯз миёни мардум роиҷ аст ва ин анъана риоя карда мешавад.

АМИТ «Ховар»:  Шумо болотар оид  ба чанд суннату анъанаҳои наврӯзии мардуми Бадахшон, ки мутаассифона, аз миён рафта истодаанд,  ибрози назар кардед. Фикр мекунам, вазифаи аҳли зиё, олимону донишмандон, шоиру нависандагон аст, ки   ҳамин гуна арзишҳои нодири ин ҷашни бузурги миллиямонро дубора эҳё кунанд. Бахусус дар ҳамин шабу рӯзҳое, ки таваҷҷуҳи  Сарвари давлат  ба  суннатҳои миллӣ зиёд аст ва маҳз дар Паёми солонаи худ солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд.   Аҳли зиёи Бадахшон ба чӣ корҳо машғул ҳастанд ва то чӣ андоза баҳри эҳёи анъанаву суннатҳои миллиямон, хосса эҳёи суннатҳои наврӯзӣ корҳои ҷиддиро пеш гирифтаанд? 

Лаълҷубаи Мирзоҳасан:   Аъзои шуъбаи Иттифоқи нависандагон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар чорабиниҳои шаҳр, ки бахшида ба  ҷашни Наврӯз гузаронида мешаванд, иштирок намуда,  ба воситаи ахбори омма: радиои вилоятӣ, телевизион ва матбуоти вилоят  пайваста мавод ва мақолаҳо чоп мекунанд. Олимон барои пос доштани анъанаҳои наврӯзии ин сарзамин ба таъкид менависанд, ки вижагиҳои махсуси Наврӯзи Бадахшони асри ХIX  ва ХVIII, ки то имрӯз як қисмати онҳо агар тавассути мардум зинда мондаанд, қисмати дигари онҳо бо ҳар сабабҳое ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта истодаанд. Ҳол он ки андаруни онҳо чӣ қадар рамзҳои некӣ, покӣ ва ҳамдилӣ ҳастанд, ки бояд мо онҳоро аз даст надиҳем. Бубинед, ки яке аз вижагиҳои беҳтарине, ки дар Наврӯз аст,  рӯзи дуюми Наврӯз чанд нафар сарояндаҳо ва донандагони хуби шеър аз равзани хона меоянду тавассути равзанаи рӯймол дароз карда, «Шогун баҳор муборак» гӯён бо овози паст шеър мехонанд ва ҳадафи худашонро баён мекунанд. Мақсад ин аст, ки дар Наврӯз моро хурсанд кунед  ва чизе диҳед, ки мо дар ҳаққи шумо дуо кунем. Ҳатто андешаҳое аз замонҳои пеш ҳаст, ки духтару писар ҳамдигарро дӯст доштаанду вале падару модари духтар розӣ нестанд. Ана ҳамин ҷавон пайт ҷуста, шаби дуюми Наврӯз аз равзанаи боми хонаи духтар, рӯймол дароз мекунад ва духтари хонадонро хостгор мешавад.

АМИТ «Ховар»: Яъне Наврӯз сабаб мешаваду ҷавон ба орзуяш мерасад?  

Лаълҷубаи Мирзоҳасан: Бале,  падари духтар мепурсад, ки чӣ мехоҳӣ, чӣ ҳадаф дорӣ, бароят чӣ диҳам? Ҷавон мегӯяд: ман ба духтарат хостгор ҳастам, дӯсташ медорам. Ҳамин гуна анъанае будааст, ки дар Наврӯз чизе хоҳӣ, не намегуфтаанд. Падару модар мегӯянд, дигар илоҷе нест ва розӣ мешаванд.  Яъне ҷавон ба шарофати ин ҷашни бузурги баҳамоӣ  ба орзуи худ мерасад ва бо духтари дӯстдораш оила бунёд мекунад.

АМИТ «Ховар»:  Устод, иқдоми хеле нодир ва пурифтихоре аз ҷониби Пешвои муаззами миллатамон роҳандозӣ шудааст, ки ҳамасола Президенти мамлакат дар арафаи Рӯзи Наврӯз  бо аҳли зиёи кишвар  мулоқот анҷом медиҳанд.   Мехостем назари  Шуморо   ба ҳамин иқдоми неки Пешвои миллат  ва таваҷҷуҳи хоссаву беандозае, ки  ба аҳли зиё доранд, бифаҳмем. 

Лаълҷубаи Мирзоҳасан:  Дар ҳақиқат чанд соли охир як анъанае шудааст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз  бо зиёиёни мамлакат мулоқот доир мекунанд.  Бовар кунед, ин мулоқотҳои ҳарсола бо суханрониҳои Сарвари давлат  як барномаи  рангинеро мемонанд ва хеле ҷолиб ҳам ҳастанд. Дар ин суханрониҳо бурду бохти  тамоми соҳаи мамлакат давоми як сол  гуфта мешаванд ва дурнамои  рушди тамоми соҳаҳои кишварро Президент баррасӣ мекунанд. Инҷо мехоҳам як чизро ба хотир орам. Ман дар Наврӯзе, ки  дар вилояти Суғд доир гардид ва шоирони Ҳавзаи Наврӯз ба он ҷо даъват карда шуданд, ҳузур доштам,  ки хеле хотирмон буд. Хусусан суханони Пешвои миллат хеле самимӣ ва пур аз панду ҳикмат буданд. Сарвари давлати мо як ҷумларо баён карданд ва мардум  аз ҷой бархеста, қарсақзанӣ намуданд. Он сухани Президенти мамлакат ин буд: «Ман шоиронро хеле дӯст медорам».  Вақте ки ин суханҳоро Пешвои миллат  гуфтанд, шоирони Ҳавзаи Наврӯз, ки аз Афғонистон, Эрон, Покистон ва Ҳиндустону дигар ҷойҳо буданд, хеле ба ваҷд омаданд. Як шоири Афғонистон сухан карда, гуфт, ки «кошки  мо ҳамин хел Президент дошта бошем, ки шоиронро ин қадар навозиш мекунанд ва дӯст медоранд».  Президенти мамлакат ба адибон супориш медиҳанд, ки ҳамин суннатҳои қадимии моро,  ки онҳо миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд, пайваста нависанду тарғиб кунанд. Ин имкон медиҳад, ки ҳамон оинҳои фаромӯшшуда як бори дигар ба зиндагии мо баргарданд ва онро рангинтар кунанд. Бигзор тамоми мардуми ҷаҳон донанд, ки тоҷикон мардуми фарҳангдору фарҳангдӯст буданд, ҳастанд  ва мемонанд.

АМИТ «Ховар»:  Мо дар мавриди таваҷҷуҳу ғамхории ҳамасолаи Пешвои миллат гуфтем. Дар раванди ҷаҳонишавӣ  гурӯҳҳову  ҳаракатҳое ҳастанд, ки  ҷавононро мағзшӯӣ карда, ақидаҳои разилонаи худро  ба онҳо таҳмил кардан мехоҳанд.  Дар ҳамин раванд масъулияти  аҳли зиёи кишвар боз ҳам зиёдтар мешавад.  То чӣ андоза зиёии замони соҳибистиқлолӣ дар  раванди пурпечутоби ҷаҳонишавӣ метавонад барои таҳкими  худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳушёрии сиёсии насли ҷавони мо  саҳмгузор бошад? Яъне, зиёиёни мо рисолати таърихии худро то кадом андоза анҷом дода истодаанд?

Лаълҷубаи Мирзоҳасан:  Ман мехоҳам ҳаминро таъкид кунам, ки худи Президенти мамлакат барои ҳама, хусусан барои ҷавонон намунаи беҳтарини ибрат ҳастанд. Бубинед, ки дар тинати ин марди нуроничеҳра шуҷоат, меҳрубонӣ, инсонпарварӣ ва ватандӯстӣ ба ҳам омадаанд. Солҳои  90-уми асри гузашта Президентамон  бо чархбол барои гуфтушунид ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон сафар карданд. Бояд онҷо дар сарҳад он касро пешвоз мегирифтанд. Ҳангоме ки Президент ба сарҳад расиданд, онҷо касе набуд ва ба ҷони ҳама хатар таҳдид мекард. Вале Президенти мо аз раъйи худ нагаштанд ва гуфтанд, ки «мо  барои миллатамон хизмат мекунем. Миллат нигарон аст, мо ҳеҷ гоҳ сафарамонро қатъ намекунем». Вақте ки Президент Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданд,  қасам ёд карданд. Ин савганди ҳар як  нафари бонангу ори тоҷик буд. Қасами аввалинашон чунин буд: «То охирин гуреза ба Ватан барнагардад, ман ором буда наметавонам». Ин шуҷоат ва сарсупурдагиро  бинед. Ман ҷое гуфта будам, ки:

Гуфтӣ, ки  ғариби ин Ватан меояд, як-як омад,
Пироҳани сурх ҷойи кафан меояд, омад-омад.
Савганд ба шири поки Модар хӯрдӣ, аҳсан- аҳсан,
Булбул ба наво  сӯйи чаман меояд, аз нав омад.

Хушбахтона, имрӯз ҷавонон ба Ватан ва миллаташон сарсупурдаанд. Ин  мояи ифтихори мову шумо аст. Мо аз ин меболем ва мефахрем, ки ҷавонон дар асоси сиёсати адолатпарваронаю хирадмандона ва ватандӯстонаи Президенти мамлакат амал мекунанд. Тавре худи Пешвои миллат мегӯянд, ояндаи давлат дар дасти ҷавонҳо аст. Ҷавонони мо ҳоло кӯшиш доранд, ки ба ин боварии Сарвари давлат сазовор гарданд.

Аҳли зиёи мамлакатро мебояд китф ба китф ва қадам ба қадам ҳамроҳ бо Пешвоямон бошанд. Ва фикр мекунам чунин ҳам ҳаст. Рисолати таърихии ҳар яки мост, ки дар пойдории давлатдории миллиямон саҳмгузор бошем, бо насли ҷавон кор кунем. Ҷавонони мо насли хубу огоҳанд. Фақат бо ин ҷавонон кор бояд кард. Оила, мактаб, ҷомеа, муаллим, ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд дастаҷамъона масъул  бошанд. Мо, аҳли зиёи Бадахшон кӯшиш мекунем, то сазовори боварӣ ва эҳтироми Пешвои муаззами миллат бошем. Президентамон барои халқу миллати мо  бузургтарин хизмати таърихиро анҷом доданд, бахусус барои мардуми Бадахшон. Ҷаноби Олӣ аз ҳама зиёд ба Бадахшон сафар кардаанд  ва инро мардум қадр мекунанд, Пешвои худро дӯст медоранд ва ҳамеша барои сиҳату саломатӣ ва сарбаландии миллатамон дасти дуо мебардоранд.

Ай мардуми кӯҳистон Наврӯзи куҳан омад,
Бо ҷомаи рангоранг бар сӯи Ватан омад.
Хушҳусн шавад олам, хушбахт шавад одам,
Гулғунчаи хобида аз нав ба чаман омад.

АМИТ «Ховар»: Хушбахтона, баъди ба саодати Истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷикистони азизамон кишвари мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун узви комилҳуқуқ эътироф гардид ва акнун он дар харитаи сиёсии олам мақоми шоистаро ишғол мекунад. Вале дар гузаштаи на он қадар дур дар ақсои олам Тоҷикистонро танҳо ба шарофати Бадахшон – боми ҷаҳон медонистанду бас. Ҳоло низ кӯҳҳои осмонбӯси Помир бо ҳама шукуҳу шаҳомату салобат ва таровати азалии хеш барои сайёҳону кӯҳнавардони дунё басо ҷолиб аст. Лутфан бигуед, ки дар ин айём, бо дарназардошти эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Бадахшон барои ҷалби сайёҳони хориҷию дохилӣ ва ба Маккаи сайёҳон табдил додани ин кишвари зебою назаррабо амалӣ мегарданд?

Лаълҷубаи Мирзоҳасан:  Ёдам ҳаст,  чанде пеш дар сомонаи АМИТ “Ховар” матлабе ҷой дода шуда буд, ки дар он иқтибос аз як очерки сафарии нависандаи номии рус Константин Симонов оварда шудааст. Дар он иқтибос омадааст: “Намедонам, ки ба завқи кӣ чи хел бошад, аммо ба назари мани ҷаҳондида Хоруғ яке аз зеботарин шаҳрҳои дунёст”. Албатта, ин суханони нависандае, ки ба самимияташ шубҳа нест, барои мо хеле гуворо ҳастанд. Воқеан дар Бадахшон барои сайёҳон ҷойҳои диданӣ зиёданд: қуллаи ба номи Исмоили Сомонӣ кӯли Сарез, пиряхи Хирс, боғи ботаникии хеле нодир ва ғайра. Ҳамаи ин албатта таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ мекашад. Хушбахтона, бо дастгирии Ҳукумати кишвар, билхоса Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи сайёҳӣ заминаҳои зарурӣ бунёд мегарданд. Ман роҳҳои обод, меҳмонхонаҳои замонавӣ ва дигар иншооти марбут ба инфраструктураи сайёҳиро дар назар дорам. Ҳамаи ин қаблан набуд ва солҳои охир арзи вуҷуд надошт. Бешак, ин ҳама ба манфиати мардум аст ва аз ояндаи неки кишварамон дарак медиҳад.

АМИТ «Ховар»:  Ташаккур барои суҳбат. Ба мардуми Бадахшон саломи гарму баҳории моро расонед. Бори дигар баҳору Наврӯз муборак бошад!

Лаълҷубаи Мирзоҳасан: Баҳору Наврӯз ба ҳама мардуми азизи Ватанамон муборак бошад. Бигузор ҳамеша Тоҷикистони офтобии мо дар фазои сулҳу ваҳдату якдилӣ ҳазорсолаҳои дигар побарҷо бимонад. Ин шеърро барои тамоми мардуми Тоҷикистони азиз мебахшам ва Наврӯзро барояшон муборак мегӯям.

Нағма аз сӯи чаман мехезад,
Ханда аз килки сухан мехезад.

Аз қудуми гули Наврӯзу баҳор,
Бӯй аз хоки Ватан мехезад.

Майса дар оби саҳар сар шӯяд,
Ҳусн аз зулфи шикан мехезад.

Интизори туям, ай дӯст биё,
Аз миён сарди куҳан мехезад.

Мерасад рахна ба хомӯшии боғ,
Ғунча дар саҳни сухан мехезад.

Бесутун дар бари Наврӯзу азон,
Ҷашни шогуни Ватан мехезад.

Дӯст бар ҷашни Ватан меояд,
Лола аз дашту даман мехезад.

 

Мусоҳиб
Сайрам БАҚОЗОДА

Март 15, 2019 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ фарогири дастуру супоришҳо, нақшаву пешниҳодҳо ва стратегияву ҳисобот мебошад
ШУМОРАИ ВОРИДШАВАНДАГОНИ СОМОНАИ АМИТ «ХОВАР» БЕШ АЗ 234 ФОИЗ ЗИЁД ШУД. Соли 2024 аз сомона зиёда аз 7 миллион маротиба дидан кардаанд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб барои навхонадорон гузаштан аз муоинаи тиббӣ ҳатмӣ шуд
МАБЛАҒИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ 100 ФОИЗ ЗИЁД КАРДА ШУД. Акнун соҳиби Шоҳҷоиза бо 140 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешавад
АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дар соли 2025 — руйдодҳои муҳим ва навгониҳо
Тадбирҳои андешидаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар рушди сайёҳӣ ва муаррифии имконоти соҳа нақши назаррас гузоштанд
МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Таъсиси он имрӯз амри зарурӣ аст
БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ДАР ЮНЕСКО. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони нодири тоҷик аст, ки фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст
Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид