Азим Иброҳим: «Омилони сар задани моҷаро ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд»
ДУШАНБЕ, 19.03.2019./АМИт «Ховар»/. Дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара, ки дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон воқеъ аст, 18 март гуфтушунидҳои серӯзаи ҳайати кишварҳо таҳти роҳбарии муовинони сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Қирғизистон Жениш Раззоқов дар мавриди қазияи дар сарҳад рухдода ба итмом расиданд. «Мувофиқаи ҳосилшуда дар як протоколи муштарак сабт гардид», — иттилоъ дод хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шаҳри Исфара.
Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дар суҳбат бо хабарнигорон, ки баъди анҷоми музокирот доир карда шуд, аз роҳи Исфара-Ворух дур кардани сарҳадбононро яке аз дастовардҳои асосии гуфтушунидҳо номид. «Вале як мувофиқаи муҳими мо, ки дар протокол инъикос шудааст, ин аст, ки омилони сар задани ин моҷаро, ки боиси кушта шудани ду нафар гардид, ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ба прокуратураҳои ҳарду кишвар дар ин бора дастур дода шуд», — гуфт Азим Иброҳим.
Дар доираи созишномаи баимзорасида аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ба корҳо оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади байни давлатҳо бар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ аз соли 2014 суръат мебахшанд. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марз доранд, ки қариб нисфи он ҳанӯз муайян ва аломатгузорӣ нашудааст.
Мувофиқи созишномаи соли 2014 баимзорасида, сохтмони роҳи Оқсой-Тамдиқ, ки бидуни убури қаламрав аст, идома ёфта, лекин он танҳо барои ба дигар макон кӯчонидани чорво истифода хоҳад шуд. Байни деҳаҳои Ворух ва Хоҷаи Аъло бидуни убури қаламрави деҳаи Оқсой роҳи нави автомобилгарди асфалтпӯш сохта мешавад.
Пас аз анҷоми гуфтушунидҳо муовинони сарвазир бо сокинони Ворух вохӯрда, ба онҳо ваъда доданд, ки рафти иҷрои тавофуқҳои ҳосилшударо назорат хоҳанд кард.








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






