Барқияи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев

Март 20, 2019 21:10

ДУШАНБЕ, 20.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев барқияи шодбошӣ фиристод, ки дар он омадааст:

 «Муҳтарам Касим-Жомарт Кемелевич,

Шуморо ба муносибати ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон шурӯъ намуданатон самимона муборакбод мегӯям.

Ба Шумо тансиҳатӣ, беҳбудӣ ва дар ин мансаби баланди давлатӣ фаъолияти пурсамар таманно дорам.

Дар Тоҷикистон Шуморо мешиносанд ва ҳамчун ходими ботаҷрибаи давлатӣ ва тарафдори рушди муттасили муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории серҷабҳа миёни мардумони мо эҳтиром менамоянд.

Муътақидам, ки мо бо кӯшишҳои муштарак минбаъд низ тамоми мачмӯи муносибатҳои байнидавлатии шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро, ки ба манфиати мардумони дӯсти мо равона шудаанд, самаранок густариш медиҳем».

Март 20, 2019 21:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон