Барафрохтани Парчами давлатӣ дар шаҳри Гулистон

Март 31, 2019 09:03

ДУШАНБЕ, 31.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон Парчами давлатиро барафрохтанд.

Парчами давлатӣ дар маркази шаҳри Гулистон дар вазъияти тантанавӣ, бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки доираи васеъи сокинон партавафшон карда шуд.

Хушҳоливу болидарӯҳии сокинони шаҳрро дар ин рӯз ҳадду канор набуд. Зеро барои онҳо боз як макони истироҳату фароғат, ки дорои ҳама гуна шароит мебошад, фароҳам омад.

Баландии пояи Парчами давлатӣ 50 метр буда, дарозии  матои ин рамз ва муқаддасоти миллӣ 14 ва паҳноии он 7 метрро ташкил медиҳад.

Иншоот дар масоҳати 0,80 гектар бунёд гардида, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг ва чароғҳои равшанидиҳанда оро дода шудааст. Майдони мазкур бо тарҳи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза оро ёфтаааст.

Дар майдони Парчами давлатӣ беш аз 150 бех дарахтони ороишии ҳамешасабз шинонида шудаанд ва дар маҷмӯъ шумораи дарахтони ин мавзеъ қариб 200 бехро ташкил медиҳад. Дар ду шафати Парчами давлатӣ фаввора сохта шудааст, ки масоҳати ҳар кадоми он ба 50 метри мураббаъ баробар мебошад.

Майдони Парчами давлатӣ дар ин шаҳр барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ — оммавӣ низ басо мусоид аст.

Атрофи Парчами давлатӣ дар масоҳати 3 ҳазору 700 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.

Чароғҳои равшанидиҳанда, нишастгоҳҳои мувофиқ ба талаботи имрӯза ва дигар зебогиҳое, ки дар майдони Парчами давлатӣ ташкил гардидаанд, ба намои маркази шаҳри Гулистон ҳусни дигар зам мекунанд. Шумораи чароғҳои равшанидиҳанда беш аз 50 ададро ташкил дода, нишастгоҳҳои ин мавзеъ ба 30 адад баробар аст.

Барафрохтани Парчами давлатӣ дар шаҳри Гулистон 31.03.2019

Март 31, 2019 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон