«БОЗГАШТИ ШУТУРҲОИ САФЕД…». Таҳти ин унвон китоби рӯзноманигори шинохтаи тоҷик ба табъ расид
ДУШАНБЕ, 16.03.2019/АМИТ «Ховар»/. «Бозгашти шутурҳои сафед…» чунин ном дорад, китоби тозанашри рӯзноманигори варзидаи тоҷик Отабек Ғойибов, ки дар остонаи Рӯзи матбуоти тоҷик дар нашриёти «Адиб» ба забони тоҷикӣ нашр гардид.
Қаҳрамони асосии «Бозгашти шутурҳои сафед…» худи рӯзноманигор аст, ки ҳаётро аз асли хеш меҷӯяд, ба деҳаи худ меҳр дорад, вале барои ҳифзи ҷони чанд оилаи дигар роҳ меҷӯяд, роҳ меёбад ва ба мақсади худ мерасад. Рӯзноманигор дар ин китоб бо қиссаҳои худ ҳолатҳои равонии қаҳрамононашро хеле возеҳ тасвир кардааст. «Бозгашти шутурҳои сафед…» умед, қисса ва рамз буда, дар хоб дидани шутури сафед фоли нек аст.
Китоби «Бозгашти шутурҳои сафед…» маҷмӯаи навбатии рӯзноманигор Отабек Ғойибов буда, дар он қиссаи ҳамноми китоб-«Бозгашти шутурҳои сафед…», инчунин повестҳои «Изтироб», «Кумушбибӣ», ҳикояҳои тозаэҷод –«Кӯрнамак» ва «Шикорчӣ» гирд оварда шудааст.
Рӯзноманигор Отабек Ғойибов аз соли 1993 то имрӯз ба ҳайси муҳаррири варзидаи бахши ӯзбекии радиои «Овози тоҷик» фаъолият дорад. Мавсуф барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2010 мебошад.








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид






