Дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд

Март 19, 2019 12:01

ДУШАНБЕ, 19.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангию маърифатӣ баргузор шуд.

Тавре аз донишкадаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷамъомад Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Шарифҷон Ҳакимзода, Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов, Ректори Донишкада Абдухалил Ғафурзода, кормандон, магистрантон, донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ  ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Ректори Донишкада, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Абдухалил Ғафурзода аҳли нишастро хайрамақдам гуфта, иди Наврӯзро аз ҷумлаи оинҳои муқаддас ва бостонии ниёгонамон арзёбӣ намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки фарорасии фасли зебои баҳор аз ибтидои соли нави аҷдодӣ мужда мерасонад. Наврӯз рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат ва оғози зиндагӣ буда, ҳамчун пирӯзии нур бар зулмот, хайр бар шарр ва тантанаи некӣ бар бадӣ таҷлил мегардад.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Шарифҷон Ҳакимзода дар бораи аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон шудани «Рӯзи байналмиллалии Наврӯз» ёдрас шуда, онро барои ҳамаи мардуми Тоҷикистон, ки яке аз ташаббускорони асосии ба сатҳи ҷашни байналмиллӣ баровардани Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, мояи  ифтихор номид.

Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов аҳли нишастро бо Наврӯзи Аҷам самимона табрик гуфта, бахту саодат, саломатӣ, хонаи обод, зиндагии осуда ва дар фаъолияти ҳар яки онҳо комёбиҳои тоза орзу намуд. Зикр шуд, ки ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ яке аз маросимҳои писандидаи оламиён мебошад, ки бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст.

 Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ таҷлили ҷашни Наврӯз бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат оид ба тарғибу ташвиқи расму оинҳои миллӣ, касбу ҳунарҳои мардумӣ, намоиши либосҳои миллӣ, дар замири ҷавонон бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷўёну магистрантони лаёқатманд вобаста ба рушди анъанаҳои миллӣ баргузор мегардад.

Март 19, 2019 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон