Дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 19.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангию маърифатӣ баргузор шуд.
Тавре аз донишкадаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷамъомад Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Шарифҷон Ҳакимзода, Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов, Ректори Донишкада Абдухалил Ғафурзода, кормандон, магистрантон, донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Ректори Донишкада, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Абдухалил Ғафурзода аҳли нишастро хайрамақдам гуфта, иди Наврӯзро аз ҷумлаи оинҳои муқаддас ва бостонии ниёгонамон арзёбӣ намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки фарорасии фасли зебои баҳор аз ибтидои соли нави аҷдодӣ мужда мерасонад. Наврӯз рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат ва оғози зиндагӣ буда, ҳамчун пирӯзии нур бар зулмот, хайр бар шарр ва тантанаи некӣ бар бадӣ таҷлил мегардад.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Шарифҷон Ҳакимзода дар бораи аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон шудани «Рӯзи байналмиллалии Наврӯз» ёдрас шуда, онро барои ҳамаи мардуми Тоҷикистон, ки яке аз ташаббускорони асосии ба сатҳи ҷашни байналмиллӣ баровардани Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, мояи ифтихор номид.
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов аҳли нишастро бо Наврӯзи Аҷам самимона табрик гуфта, бахту саодат, саломатӣ, хонаи обод, зиндагии осуда ва дар фаъолияти ҳар яки онҳо комёбиҳои тоза орзу намуд. Зикр шуд, ки ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ яке аз маросимҳои писандидаи оламиён мебошад, ки бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ таҷлили ҷашни Наврӯз бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат оид ба тарғибу ташвиқи расму оинҳои миллӣ, касбу ҳунарҳои мардумӣ, намоиши либосҳои миллӣ, дар замири ҷавонон бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷўёну магистрантони лаёқатманд вобаста ба рушди анъанаҳои миллӣ баргузор мегардад.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






