Дар Душанбе китоби «Меҳргон дар Тоҷикистон» ба нашр расид

Март 4, 2019 08:58

ДУШАНБЕ, 04.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе аз ҷониби нашриёти «Адиб» таҳти унвони «Меҳргон дар Тоҷикистон» китоби нави академики АИ ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонзода ва профессори ДМТ Равшан Раҳмонӣ ба нашр расид.

Дар ин китоб дар асоси санадҳои илмӣ оид ба таърихи гузашта ва эҳёи имрўзаи ҷашни Меҳргон дар Тоҷикистон сухан меравад. Ин ҷашн низ вобаста ба ҷамъоварии дастранҷи кишоварзон буда, дар замонҳои бостон ба мисли Наврўзу Сада бошукўҳ ҷашн гирифта мешуд.

Воқеан, Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд.

Китоб аз ҳафт бахш иборат буда, дар он оид ба «Эҳёи ҷашни Меҳргон», «Меҳргон ва оини меҳрпарастӣ», «Рўзи ҷашни Меҳргон», «Меҳргон дар сарчашмаҳо», «Шоирони садаҳои 11-12 ва Меҳргон», «Меҳргон дар замони муосир» маълумот дода шудааст.

Китоби мазкур дар бораи ҷашни Меҳргон иттилои муфассал медиҳад. Хонандагон метавонанд онро ҳамчун сарчашмаи арзишманд мавриди истифода қарор диҳанд.

Март 4, 2019 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад