Дар Душанбе масъалаи пешгирии гароиши ҷавонон ба ҷараёнҳои ифротӣ баррасӣ гардид

Март 2, 2019 10:31

ДУШАНБЕ, 02.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Гароиши ҷавонони тоҷик ба ҷараёнҳои ифротӣ дар дохил ва хориҷи кишвар: заминаҳо, омилҳо ва пайомадҳо» ҷамъомад баргузор гардид.

Тавре аз кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, кормандони соҳаи дин ва коршиносону ҷомеашиносон иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии худ чун кишвари соҳибистиқлол ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ  дар самти мубориза бо тамоми зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ ва дигар чолишҳову таҳдидҳои хатарзо пайваста ибтикороти назаррас нишон медиҳад. Натиҷаи ибтикороти байналмилалии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки пойтахти кишвари мо тайи солҳои охир тадриҷан ба яке аз майдонҳои мусоиди сиёсӣ барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва радикализм дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст. Коршиносони соҳа ибтикороти Тоҷикистонро дар самти пешгириву мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва таъмини суботу амният дар минтақа баланд арзёбӣ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, иштирокдорон оид ба мавзӯъҳои омилҳои гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар кишвар, дар байни муҳоҷирони кории тоҷик ва роҳҳои пешгирӣ аз ин раванд, нигаҳдории оиладории миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ва рушди ифротгароӣ, ба роҳ мондани ҳамкории бештар миёни мақомоти давлатӣ ва ҷавонон табодули назар намуданд.

«Аз ҷумла, таъкид гардид, ки чун тундагароии ба сӯи терроризм майлдошта аз зумраи мушкилоти умдаи ҷаҳони имрӯз ва хосатан кишварҳои мусулмонӣ ба шумор меравад, ин зуҳурот дар ҳар шаклу навъ сабаби қафомондагӣ ва омили садди роҳи рушду тараққии кишварҳост», -илова намуд манбаъ.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишварест, ки Стратегияи миллии мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва Нақшаи амал барои татбиқи онро қабул кардааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи баргузории ҷамъомади мазкур татбиқи босамари Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 мебошад.

Март 2, 2019 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид