Дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим масъалаи рушди сайёҳӣ дар мамлакат матраҳ гардид
ДУШАНБЕ, 01.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Рушди бахши сайёҳӣ дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи махсус дорад. Аз ин рӯ бояд дар татбиқи ин ҳадаф ҳамаи хизматчиёни давлатӣ саҳмгузор бошанд. Ин матлабро муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода дар нишасте, ки дар ин ниҳод доир гардид, баён дошт.
Нишасти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо дар иртибот ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи руши сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар нишаст ҳамзамон муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода доир ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва пешрафту камбудиҳои ҷойдошта дар соҳа андешаҳояшро баён намуд.
Дар анҷом миёни иштирокдорон доир ба масъалаи рушди сайёҳӣ дар кишвар табодули назар карда шуд.








МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд






