Дар Москва ҷаласаи навбатии Кумитаи сардорони ситодҳои генералии кишварҳои ИДМ баргузор мегардад

Март 14, 2019 11:51

ДУШАНБЕ, 14.03.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи навбатии Кумитаи сардорони ситодҳои генералии қувваҳои мусаллаҳи ҳашт кишвари ИДМ, ки имрӯз дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор мегардад, иштирок менамояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мудофиаи Ҷумхурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласа ҳамчунин намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд.

Зимни ҷаласа, ки таҳти раёсати сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия Валерий Герасимов доир мегардад, маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории низомӣ ва амниятии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ карда мешавад.

Ҳамчунин масоили рушди ҳамкорӣ дар самти истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин, муқовимат бо онҳо ва таъмини топографии қувваҳои мусаллаҳ муҳокима хоҳанд шуд.

Зимни сафари Э. Собирзода ҳамчунин вохӯриҳои дуҷониба ӯ бо намояндагони дигар кишварҳои ИДМ пешбинӣ шудаанд, ки дар ҷараёни онҳо масоили рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва дурнамои он баррасӣ хоҳанд шуд.

                                                                         ДАР АКС: Эмомалӣ Собирзода
                                                                               Акси маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ

Март 14, 2019 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид