Дар Москва Стратегияи таъмини амнияти иттилоотии кишварҳои ИДМ-ро баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 11.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. 15 марти соли 2019 дар Москва Ҷаласаи 81-уми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мегардад. Ҷаласа таҳти раёсати Туркманистон баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.
Рӯзномаи ҷаласа маҷмӯи васеи масоили ҳамгироии кишварҳои ИДМ-ро дар соҳаи иқтисод дарбар мегирад. Аз ҷумла, масъалаи таҳияи Стратегияи таъмини амнияти иттилоотии давлатҳои аъзои ИДМ баррасӣ хоҳад шуд.
Ба масъалаи таъмини ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар соҳаи тиҷорати электронӣ дар кишварҳои ИДМ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.
Зимни ҷаласа ҳамчунин масоили ҳамгироии мақомоти гумрукии давлатҳои аъзои ИДМ дар самти ҳифзи ҳуқуқ ба иншооти моликияти зеҳнӣ, ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба тартиботи барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукии молҳо, ки миёни давлатҳои аъзои Созишнома оид ба таъсиси минтақаҳои озоди тиҷоратӣ аз 8 октябри соли 1999 интиқол меёбанд, мавриди муҳокима қарор мегиранд.
Илова бар ин, иштирокдорон инчунин як зумра масоили дигари молиявӣ ва ташкилиро баррасӣ мекунанд.
Ба Шӯрои иқтисодии ИДМ муовинони сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои ИДМ дохил мешаванд. Дар ҷаласаҳои он Раиси Кумитаи иҷроия — Котиби иҷроияи ИДМ иштирок мекунад. Дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ Комиссияи доимоамалкунанда оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, ки аз намояндагони ваколатдори давлатҳои аъзои ИДМ иборат аст, фаъолият менамояд. Он таҳлили ҳамаҷониба ва баррасии лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иқтисодию иҷтимоиро, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ИДМ ва мақомоти соҳавӣ таҳия мегарданд, таъмин намуда, мавқеи давлатҳоро ҳамоҳанг менамояд.








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






