Дар шаҳри Норак 53 гектар боғи анор барқарор гардида, 3 гектар анорзор бунёд шуд
НОРАК, 18.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони шаҳри Норак ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва бо мақсади ҷавонкунии боғҳо дар шаҳр 53 гектар боғҳои кӯҳнаи анорро пурра решакан намуда, онро барқарор намуданд. Тибқи нақшаи бунёди боғҳо, соли равон дар шаҳр 13 гектар боғҳои нав бунёд гардиданд, ки аз ин 3 гектар боғи анор мебошад.
Мудири шуъбаи кишоварзии шаҳри Норак Комилҷон Носирзода зикр намуд, ки айни замон дар шаҳр 477 гектар боғу токзор парвариш ёфта истодаанд, ки дар онҳо имрӯзҳо коркарди химиявии байни қаторҳо ва ғизодиҳии дарахтон пурра ба анҷом расонида шудааст. Ҳамчунин дар 5 хоҷагии деҳқонии шаҳр 198 гектар боғҳои анор парвариш ёфта истодаанд, ки ҳолати нашъунамо ва шаклдиҳии дарахтон дар ҳолати хуби агротехниқӣ қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки имсол ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак баргузор мегардад. Кишоварзону сокинон баҳри дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон боғи анори шаҳрро тариқи ҳашарҳои умумӣ тоза намуда, онро ҳамчун боғи намунавӣ ба меҳмонон муаррифӣ менамоянд.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






