Дар Суғд Иди байналмилалии Наврӯзро бо ҳунарнамоии карнайнавозону доирадастон таҷлил намуданд

Март 22, 2019 11:38

ХУҶАНД, 22.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. 21 март дар Муассисаи давлатии «Қасри маданияти Арбоб»-ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тантанаҳои асосии вилоятии Иди байналмилалии Наврӯзи вилояти Суғд  бо иштироки васеи намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят, собиқадорони меҳнат, аҳли зиё, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ, воситаҳои ахбори омма ҷашн гирифта шуд. Дар он муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуданд.

Дар ин рӯз даромадгоҳи Қасри маданияти Арбоб ба худ ҷойгоҳи идона касб карда буд. Зеро растаю хаймаҳои идона бо риояи анъанаҳои миллӣ суфраҳои наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин ва таомҳои миллии хоси Наврӯз, шириниҳои миллӣ, суманак, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуда, барномаҳои бадеии театрикунонидашуда ва фарҳангӣ, ҳунарнамоии карнайнавозону дойрадастон, қироати суруди “Бойчечак” аз ҷониби толибилмон ба иштирокдорони чорабинии наврӯзӣ рӯҳияи идона бахшид.

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар барнома аз растаю хаймаҳои наврӯзӣ дидан намуда, мардуми Суғдзаминро бо ин Иди аҷдодӣ — Наврузи хуҷастапай табрик намуданд. Зикр шуд, ки Наврӯз аз ҷашнҳои куҳани тоҷикон маҳсуб ёфта, дар солҳои соҳибистиқлолӣ суннатҳои хоссаи наврӯзӣ эҳё гардида, маҳз бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дубора дар сархати ҷашнҳои миллии тоҷикон қарор гирифт. Ин аст, ки шукӯҳи он ҳамасола боло меравад.

Инчунин дар доираи таҷлили тантанаҳои наврӯзӣ бо иштироки Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бинои нави озмоишгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, ки аз се ошёна иборат буда, озмоишгоҳҳои он барои ихтисосҳои технологияҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хӯрокӣ, экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию меъморӣ равона гардидаанд ва қаҳвахонаи «Шоҳона», ки бо ташкили он 25 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд, ифтитоҳ гардид.

Инчунин дар ин рӯз дар маркази шаҳри Гулистон Боғи фарҳангӣ-фароғатии навбунёд, ки дар масоҳати 0,55 гектар ҷой гирифта,  аз ду фаввора, шаршара бо андозаи 12х4 метр, ду минтақаи шоҳмоти заминии калонҳаҷм ва таваққуфгоҳ барои нақлиёт иборат аст, мавриди истифода қарор гирифт.

Март 22, 2019 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид