Дар Суғд Иди байналмилалии Наврӯзро бо ҳунарнамоии карнайнавозону доирадастон таҷлил намуданд
ХУҶАНД, 22.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. 21 март дар Муассисаи давлатии «Қасри маданияти Арбоб»-ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тантанаҳои асосии вилоятии Иди байналмилалии Наврӯзи вилояти Суғд бо иштироки васеи намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят, собиқадорони меҳнат, аҳли зиё, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ, воситаҳои ахбори омма ҷашн гирифта шуд. Дар он муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуданд.
Дар ин рӯз даромадгоҳи Қасри маданияти Арбоб ба худ ҷойгоҳи идона касб карда буд. Зеро растаю хаймаҳои идона бо риояи анъанаҳои миллӣ суфраҳои наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин ва таомҳои миллии хоси Наврӯз, шириниҳои миллӣ, суманак, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуда, барномаҳои бадеии театрикунонидашуда ва фарҳангӣ, ҳунарнамоии карнайнавозону дойрадастон, қироати суруди “Бойчечак” аз ҷониби толибилмон ба иштирокдорони чорабинии наврӯзӣ рӯҳияи идона бахшид.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар барнома аз растаю хаймаҳои наврӯзӣ дидан намуда, мардуми Суғдзаминро бо ин Иди аҷдодӣ — Наврузи хуҷастапай табрик намуданд. Зикр шуд, ки Наврӯз аз ҷашнҳои куҳани тоҷикон маҳсуб ёфта, дар солҳои соҳибистиқлолӣ суннатҳои хоссаи наврӯзӣ эҳё гардида, маҳз бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дубора дар сархати ҷашнҳои миллии тоҷикон қарор гирифт. Ин аст, ки шукӯҳи он ҳамасола боло меравад.
Инчунин дар доираи таҷлили тантанаҳои наврӯзӣ бо иштироки Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бинои нави озмоишгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, ки аз се ошёна иборат буда, озмоишгоҳҳои он барои ихтисосҳои технологияҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хӯрокӣ, экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию меъморӣ равона гардидаанд ва қаҳвахонаи «Шоҳона», ки бо ташкили он 25 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд, ифтитоҳ гардид.
Инчунин дар ин рӯз дар маркази шаҳри Гулистон Боғи фарҳангӣ-фароғатии навбунёд, ки дар масоҳати 0,55 гектар ҷой гирифта, аз ду фаввора, шаршара бо андозаи 12х4 метр, ду минтақаи шоҳмоти заминии калонҳаҷм ва таваққуфгоҳ барои нақлиёт иборат аст, мавриди истифода қарор гирифт.








ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






