Давлатҳои узви СПАД амалҳои худро зимни ҳолатҳои фавқулода ҳамоҳанг мекунанд

Март 27, 2019 15:50

ДУШАНБЕ, 27.03.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 март дар низоми иртиботи видеоӣ дар мавзӯи «Тартиби кор бо мақомоти  ваколатдори давлатии кишварҳои узви СПАД дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода» тамрини муштарак баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи мазкур хабар доданд, дар  конфронси видеоӣ Котиботи СПАД ва роҳбарони Маркази идорӣ дар вазъи буҳронӣ ва гурӯҳҳои фаврии ваколатдори мақомоти давлатии кишварҳои узви СПАД дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ширкат намуданд.

Ба иттилои манбаъ, иштирокдорони конфронс  низоми масъалаҳои ташкили иттилоърасонӣ ва табодули ахбор ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода миёни мақомоти ваколатдори дарвлатҳои узв, тартиби амали мақомоти салоҳиятдори кишварҳои иштирокчӣ ҳангоми вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода, ҳамчунин таъмини расонидан, тақсим намудани воситаҳо ва воҳидҳои наҷоти мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СПАД дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаро ба таври онлайнӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Март 27, 2019 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид