Ифтитоҳи Корхонаи мебелсозӣ дар шаҳри Душанбе

Март 15, 2019 16:46

ДУШАНБЕ, 15.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. 15 март дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марҳилаи якуми корхонаи мебелсозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бисот” иштирок намуданд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур дар майдони қариб як гектар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Иззатулло Давлатов бо харҷи беш аз 27 миллион сомонӣ сохта шуда, дар ин ҷо асосан номгӯи зиёди мебел, аз қабили мизу курсиҳо барои хона ва муассисаҳои таълимӣ, мебел барои коргоҳу ошхона, маҷмӯи мебел барои манзилҳои истиқоматӣ ва дарҳои байниҳуҷравии замонавӣ истеҳсол карда мешавад.

Дар маҷмуъ иқтидори солонаи корхона коркарди зиёда аз 600 метри мукааб чӯб, 15 ҳазор адад тахтаҳои махсус, ба монанди ДСП, МДФ, ДВП ва истеҳсоли 1 ҳазору 500 маҷмӯи мебелҳои гуногуни мулоим буда, пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз хориҷи кишвар, аз ҷумла Олмон ва Италия ворид карда шудааст.

Раванди истеҳсоли мебел, ки аз ҷониби мутахассисони соҳаи саноат мураккабтарин кор дониста мешавад, дар асоси дархости ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ, инчунин талаботи бозор пурра дар дохили корхона сурат мегирад. Ашёи хом, ба монанди чубу тахта, фурнитура ва дигар қисмҳои металлӣ, ки барои истеҳсоли мебел зарур аст, аз Федератсияи Россия, Италия ва Туркия ворид карда мешавад.

Ба гуфти масъулони корхона тамоми намуди мебел ва дарҳои байниҳуҷравӣ, ки дар ин ҷо истеҳсол карда мешаванд, аз лиҳози тарҳ ва сифат ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ буда, дар бозори Тоҷикистон ва минтақа харидорони бештар доранд.

Айни замон дар ин корхона зиёда аз 80 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд ва барои омода намудани мутахассисони соҳа аз ҷониби намояндагони бузургтарин ширкатҳои мебелбарории Олмон, Туркия ва Булғористон курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ низ ба роҳ монда шудаанд.

Дар шафати ин корхона ҳамчунин як бинои хуштарҳу замонавии сеошёна, ки толори фурӯши мебели “Бисот” ном гирифтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори фурӯши мебел намунаи маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаро тамошо карда, ба муассис, ки дар рушди истеҳсолоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳми арзанда гузоштаанд, миннатдорӣ баён намуда, барои дар оянда ба таври густурда ба роҳ мондани фаъолият ва содироти мебел ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон маслиҳатҳои муфид доданд. Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки дар вақти истеҳсоли мебел пеш аз ҳама таваҷҷуҳ ба сифат ва тарҳи он равона карда шавад. Зеро имрӯз дар бозори минтақа ва ҷаҳон молу маҳсулоте метавонад рақобатпазир бошад, ки дорои сифати баланд ва ҷавобгӯи замони муосир аст. Бо дарки муҳимияти ин масъала, масъулони корхона мутахассисони варзидаро ба кор ҷалб намуда, дар вақти истеҳсоли ҳама намуди мебел ашёи сифаташ баландро истифода мебаранд.

Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба истифода додани чунин корхонаҳо, ки асосан молу маҳсулоташон воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронида шудааст, дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат қадами устувор ба ҳисоб меравад. Бо назардошти аҳамияти бузурги ҳадафи мазкур имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, хусусан дар пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе аз ҷониби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ дар заминаи технологияи муосиру инноватсионӣ коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки оянда дар шафати корхонаи мазкур бунёди коргоҳи истеҳсоли қисмҳои металии мебел ва як бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ барои коргарон ба нақша гирифта шудааст.

Дар марҳилаи дуюм бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи нав воридоти қисмҳои металии мебел аз хориҷи кишвар коҳиш меёбад ва дар ин замина маҳсулоти тайёр бо нархи нисбатан арзон пешниҳоди харидорон карда мешавад.

Ифтитоҳи Корхонаи мебелсозӣ дар шаҳри Душанбе 15.03.2019

Март 15, 2019 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли пойафзолро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Маркази ташхису табобатии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан марҳилаи дуюми коргоҳи истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои гуногуни ҶДММ «Адл»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли ҷиҳози кӯдаконаи ҶДММ «Адл»-ро ифтитоҳ намуданд