Ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони марказии шаҳри Норак
ДУШАНБЕ, 20.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. 20 март дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон дар майдони марказии шаҳр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ аз руи муҷассамаи асосгузори аввалин давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ пардаро бардошта онро ифтитоҳ карданд.
Баландии пояи муҷассама 7,5 ва худи муҷассама 7 метрро ташкил медиҳад.
Муаллифони муҷассамаи барқади шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳайкалтарошон, аъзоёни Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Мансур Маҷидов ва Рустам Ҳоҷибоев мебошанд.
Маҷмаа бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бо маблағҳои соҳибкорони ватанӣ, сокинони саховатпешаи шаҳри Норак ба ифтихори истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид.
Майдони назди муҷассама бо фаввораҳо, гулгашту хиёбон бо гулҳои тару тоза ва растаҳо бо чароғҳои рангаву курсиҳо, оро дода шудааст. Соҳибкорон ҳамчунин роҳҳои назди муҷассамаро мумфарш кардаанд, ки дар маҷмуъ ин мавзеъ барои сайру тамошои сокинону меҳмонони шаҳри Норак басо мувофиқ гардидааст.
Дар рафти корҳои сохтмонии маҷмаа беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Мавриди зикр аст, ки бунёди муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ, нишони давлатӣ ва барафрохтани Парчами миллӣ дар саросари мамлакат аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи олии қадршиносию арҷгузорӣ ба гузаштаи неку ибратбахши давлату миллати тоҷик ва рамзҳову муқаддасоти бузурги миллӣ мебошад.









Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд






