Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар шаҳри Душанбе

Март 19, 2019 10:10

ДУШАНБЕ, 19.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Борбади ноҳияи Синои пойтахт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 мавриди истифода қарор гирифт.

Иншооти таълимӣ барои 1260 нафар дар ду баст пешбинӣ шудааст. Арзиши умумии харҷномавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 дар маҷмӯъ зиёда аз 14 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ниагара-а» ба анҷом расонида шудааст.

Шароити таълим дар Муассиса бо назардошти талаботи замон фароҳам оварда шудааст. Хонандагон метавонанд дар синфхонаҳои фаннии кимиёву физика ва биология бо озмоишгоҳ, синфхонаҳои таълими меҳнат барои духтарон ва писарон илмҳои дақиқу ҳунарҳои гуногунро аз худ намоянд. Барои баланд бардоштани қобилияти зеҳнии хонандагон синфхона барои бозӣ ва баргузории мусобиқаҳои шоҳмот низ мавҷуд мебошад.  Ҳамчунин иншоот дорои синфхона барои инкишофи кӯдакон, утоқ барои ҳамшираи шафқат, ошхона, китобхона ва синфхонаи омодагии дифои ҳарбӣ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълим таваҷҷуҳи насли наврасро ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ ҷалб намуд. Истифодаи самараноки шароити мавҷуда метавонад ояндаи дурахшони насли наврасро таъмин намояд. Дар баробари ғамхориву фароҳам овардани шароит аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бояд волидайн низ барои саводнок шудани фарзандони худ бетаваҷҷуҳ набошанд.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 моҳи апрели соли 2018 оғоз гардида буд ва қабл аз муҳлат ба анҷом расонида шуд.

Дар гузашта ин муассисаи таълимӣ хонандагонро то синфи 4 ба таҳсил фаро мегирифт. Бо назардошти зарурат дар доираи иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави муассисаи таълимӣ бунёду ба истифода дода шуд. Минбаъд хонандагони ин маҳаллаи ноҳияи Синои пойтахт дар шароити замонавӣ донишҳои муосирро аз худ мекунанд.

Ҳамчунин хонандагон метавонанд дар толори барҳавои варзишӣ ба солимгардонӣ машғул шаванд. Толори варзишии иншоот 450 метри мурабаъро дар бар мегирад.

Бинои замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 аз 3 ошёна иборат буда, дар маҷмӯъ дорои 27 синфхонаи бо аёнияти хониш муҷаҳҳаз мебошад. Иншоот бо системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст буда, камераҳои назоратӣ дар ҳар як ошёна ва атрофи он насб карда шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ ҳозиринро ба муносибати ҷашни Наврӯзи Аҷам ва ифтитоҳи бинои нави муассисаи таълимӣ шодбош гуфта, омӯзгоронро бо истифода аз шароити мавҷуда барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим муваззаф намуданд. Пешвои миллат зимни суҳбат дар бораи фазилатҳои Наврӯз таваҷҷуҳи ҳамагонро ба анҷоми корҳои ободонӣ ва саҳмгузорӣ дар тозагии маҳалли зист ҷалб намуданд.

Идомаи бунёди ҳамин гуна муассисаҳои замонавии таълимӣ дар асоси сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи ғамхориву таваҷҷуҳ ҷиҳати таъмини ояндаи дурахшони насли наврас сурат мегирад.

Оғози фаъолияти заводи истеҳсоли автобусҳо дар шаҳри Душанбе 19.03.2019

Март 19, 2019 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави истиқоматии 5-ошёна барои хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Парки технологии шаҳри Хоруғ коргоҳҳои истеҳсолии маҳсулоти гӯштӣ ва обҳои табиии ташнашиканро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаҳои биноҳои истиқоматӣ бо маркази хизматрасонию тиҷоратӣ, таваққуфгоҳи нақлиётӣ, меҳмонхона ва майдончаи варзишии кӯдакон шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ китобхонаи кӯдаконаи вилоятӣ, китобхонаи шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ ва Маркази рушди зеҳни сунъиро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Маркази фарҳангӣ, савдо ва Шурои иттифоқҳои касабаи вилоятро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ чойхонаи Хатлонро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ пули мошингузарро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд