Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи Модар пуршукӯҳ таҷлил мегардад

Март 7, 2019 09:18

ХУҶАНД, 07.03.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 7 март дар маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд бо мақсади арҷгузорӣ ба саҳми арзандаи занону модарон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, инчунин баланд бардоштани мақом ва манзалати онҳо дар ҷомеа, таҳкими нақши зан дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ Рӯзи Модар бо баргузории барномаи тантанавӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад.

Бино ба иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, 8 март низ дар шаҳр тантанаҳои идона  баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки давоми ҳафта дар доираи таҷлили Рӯзи Модар дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳо вобаста ба дастовардҳои занон дар даврони Истиқлолият конфронсҳо гузаронида шуда, бо иштироки занони барӯманду собиқадор мулоқоту суҳбатҳо барпо карда шуданд.

Дар робита ба Рӯзи Модар дар шаҳр ҳамзамон аёдат ва қадршиносии модарони танҳо, занони фаъол ва собиқадорони меҳнат ба роҳ монда шудааст.

Март 7, 2019 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид