Китоби журналисти ҷавон таҳти унвони «Агар ҷавонӣ медонист…» ба табъ расид

Март 6, 2019 13:50

ДУШАНБЕ, 06.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик китоби тозанашри журналисти ҷавон Башир Усмон таҳти унвони «Агар ҷавонӣ медонист…» ба табъ расид. Китоби мазкур фарогири маҷмӯи мақолаҳои муаллиф буда, ба масъалаи ҷавонон ва сатҳи донишу ҷаҳонбинии онҳо бахшида шудааст.

Муаллиф аз ҳидояту роҳнамоҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон илҳом гирифта, дар навиштаҳояш аз ин қишри фаъоли ҷомеа даъват ба амал меорад, ки айёми ҷавонии худро бо ғафлат пушти сар накунанд ва дар дилхоҳ масъала дурандешу ботамкин бошанд, то оқибати аъмолашон ба пушаймонӣ набарад.

Ҳамчунин китоби «Агар ҷавонӣ медонист…» масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз қабили исрофкорӣ, иффат, қаноатпешагӣ, маданияти шаҳрнишинӣ, муносибати волидон бо фарзанд, ахлоқу муҳаббат ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳимро дар бар мегирад, ки воқеан ҳам ҷолибу хонданист.

Мавриди зикр аст, ки «Агар ҷавонӣ медонист…» китоби 4-уми Башир Усмон мебошад.

Март 6, 2019 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид