«Мактаби шуҷоат»-и Академияи ВКД ҷавононро ба хизмати бошараф ба Ватан даъват менамояд

Март 4, 2019 10:02

ДУШАНБЕ, 04.03.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Бо ибтикори Вазорати корҳои дохилӣ дар Академияи ВКД ҶТ дарси омӯзишии «Мактаби шуҷоат» ташкил шудааст, ки зимни он роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ бо шунавандагону курсантон ва донишҷӯёни фаъоли дигар донишгоҳҳои мамлакат суҳбату мулоқоти судманд доир менамоянд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

«Воқеан ба қадру қимати неъмати бебаҳо- тинҷию амонии кишвар мебояд расид ва ҷиҳати пойдории он аз ҳар нафар нангу номус ва ҳисси баланди хештаншиносиву меҳанпарастӣ талаб карда мешавад. Маҳз тинҷию амонист, ки имрӯз мардуми тоҷик дар тамоми самтҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе ба шаҳри гулҳо табдил ёфтааст»,-зикр намуд сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода зимни иштирок дар дарси омӯзишии «Мактаби шуҷоат» дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар мулоқот сардори мақомоти милитсияи пойтахт иброз дошт, ки бо ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти давлату ҳукумат сол то сол ҷавонону наврасон ҷиҳати таҳсили илм бо шароити хуб таъмин гардида истодаанд. Ин бешубҳа, аз сулҳу субот ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манша мегирад.

Шариф Назарзода зимни гузаронидани дарси омӯзишии «Мактаби шуҷоат» ба ҷавонон иброз дошт, ки «тинҷию амонии Ватан-осудагии модарон аст. Он нафаре, ки ба Ватан хиёнат мекунад, ӯ ба модараш хиёнат кардааст, зеро модар ӯро бо умеди зиёд барои хизмат ба Ватану сарзамин ба воя мерасонад».

Дар ҷараёни дарс мавсуф курсантону шунавандагони Академия ва дигар ҷавононро ба хештаншиносиву меҳанпарастӣ ва пос доштани арзишҳои миллию фарҳангӣ даъват намуд. Ӯ иброз дошт, ки дар айёми ҷавонӣ бештар ба омӯзишу таҳсил машғул шуда, вақти пурқимати худро сарфи амалу кирдорҳои беҳуда накунанд ва дар тарбияи ҳуқуқии ҳамсолони худ кумак расонанд.

Март 4, 2019 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид