Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо 250 нафар ятими кул дар шаҳри Норак

Март 20, 2019 11:17

ДУШАНБЕ, 20.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак чун анъанаи аҷдодӣ ба 250 нафар ятими кул, ки муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мебошанд, туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таманниёти нек наврасону ҷавонони бо амри тақдир бесаробонмондаро бо фарорасии ҷашни зебои баҳор — Наврӯзи оламафрӯз ва Соли нави миллӣ табрику муборакбод гуфта, онҳоро ба хониши аъло, одоби ҳамида, рафтори намунавӣ ва ҳамчун фарди соҳибилму бомаърифат ба воя расидан, ҳидоят намуданд.

Тӯҳфаҳои идонаи Сарвари давлат аз маҷмӯи сару либоси тобистона ва зимистона, аз ҷумла шиму кастюм, курта, ҷуробу пойафзол, болопӯш, барои духтарон 12 метрӣ матои хушсифати атлас ва шириниҳои гуногун иборат буданд.

Дар ин рӯз ҳамчунин ба ятимон зиёфати идона ороста шуда, аз ҷониби Пешвои миллат ба ҳар яки онҳо маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Тибқи иттилоъ имрӯз дар вилояти Хатлон 648 нафар ятими кул ба қайд гирифта шудааст ва туҳфаҳои идонаи Роҳбари давлат ба ҳамин тартиб ба боқимонда 400 нафар низ дастрас карда мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дасти ёрӣ дароз кардан ба нафарони ниёзманд аз беҳтарин хислатҳои инсонӣ маҳсуб ёфта, ин амалро дар ҷумҳурӣ чун анъанаи накӯи ниёгон дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳо шахсони саховатпеша ва хайрхоҳ анҷом медиҳанд.

Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати иҷтимоии худ фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил барои наврасону ҷавонон, бахусус нафарони бепарастор ва фарзандони оилаҳои ниёзмандро дар навбати аввал қарор додааст.  Ҳамин аст, ки ҳамасола барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таълим ва буду боши ятимон дар мактаб — интернатҳои мамлакат ва бо ҷои кор таъмин шудану шарафёб гардидани ин қишри ҷомеъа ба зиндагии арзанда корҳои назаррасу самарабахш анҷом дода мешавад.

Ятимони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста изҳори минатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки илмҳои муосирро аз бар манамоянд ва ҳамчун донишманд ба воя расида, бо эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар рушду пешрафти минбаъдаи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Дар ин рӯз хушнудиву болидаруҳии ятимони кулро ҳадду канор набуд, зеро ҳар кадоми онҳо соҳиби туҳфаҳои арзишманди идона гардиданд ва бо Сарвари саховатпешаву дурандеши худ суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Мулоқот бо 250 нафар ятими кул дар шаҳри Норак 20.03.2019

Март 20, 2019 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави истиқоматии 5-ошёна барои хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Парки технологии шаҳри Хоруғ коргоҳҳои истеҳсолии маҳсулоти гӯштӣ ва обҳои табиии ташнашиканро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаҳои биноҳои истиқоматӣ бо маркази хизматрасонию тиҷоратӣ, таваққуфгоҳи нақлиётӣ, меҳмонхона ва майдончаи варзишии кӯдакон шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ китобхонаи кӯдаконаи вилоятӣ, китобхонаи шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ ва Маркази рушди зеҳни сунъиро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Маркази фарҳангӣ, савдо ва Шурои иттифоқҳои касабаи вилоятро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ чойхонаи Хатлонро ба истифода доданд