Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Антон Силуанов
ДУШАНБЕ, 19.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. 19 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми Раиси Ҳукумат, вазири молияи Федератсияи Россия, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Антон Силуановро ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот таъкид карданд, ки мо ба таҳкими муносибатҳои минбаъдаи афзалиятноки дӯстию ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Россия аҳамияти махсус медиҳем.
Нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои ду ҷониб, аз ҷумла созишномаҳои қаблан имзошудаи ҳамкорӣ ва рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва баррасии “Барномаи руши ҳамкории иқтисодии чонибҳо барои то соли 2021” барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои шарикии ду кишвар, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, муҳим арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки айни замон сохтори муомилоти молҳои мамлакатҳои мо “захираи ашёи хом” боқӣ мемонад ва мо бояд барои диверсификатсияи он кушиш ба харҷ диҳем. Дар ин робита пешниҳод гардид, ки бояд механизми содда кардани навъҳои дастрасии мол аз Тоҷикистон ба бозори Россия таҳия карда шавад. Ҳамкории фаъол дар самти сармоягузорӣ ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак зарур шумурда шуд.
Россия то ҳол шарики пешсафи иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар дар соли гузашта беш аз 1 миллиард доллари америкоиро ташкил дода, сармояи Россия ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз 1, 6 миллиард доллари америкоӣ боло рафт.
Ҷонибҳо барои ҳамкории фаъол дар соҳаи истихроҷу коркарди маъдан, саноати сабук ва хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, энергетика ва комплексҳои кишоварзӣ, рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои молиявӣ ва кредит, дар соҳаи нақлиёт, логистика, технологияҳои иттилоотӣ, коммуникатсия ва сайёҳӣ, изҳори омодагӣ карданд.
Таҳкими робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, маориф ва муҳоҷирати меҳнатӣ аз мавзуъҳои дигар мулоқот буд, ки мавриди баррасии амиқ қарор дода шуд.









Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд






