Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия Рустам Минниханов
ДУШАНБЕ, 19.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия Рустам Минниханов, ки ба Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф овардааст, мулоқот намуданд.
Маҷмуи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла шарикии минтақавӣ бо Ҷумҳурии Тотористон қаноатбахш арзёбӣ карда шуд.
Бо назардошти шароит ва имкониятҳои мавҷуда соҳаҳои саноат, нақлиёту коммуникатсия ва комплекси агросаноатӣ аз самтҳои ояндадору тақвиятбахшандаи робитаҳои дуҷониба маънидод гардида, изҳори боварӣ карда шуд, ки бо сайъу талошҳои муштарак, хусусан робитаҳои мустақими доираҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ҳамгироии Тоҷикистон ва Тотористон ба сатҳу сифати беҳтар расонида мешавад.
Барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок, саноати нафту газ, коркарди маҳсулот, саноати вазбин, сабук, кимиёвию сохтмонӣ ва дорусозӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир карда шуд.
Аз имконоти бузурги таъминоти бозорҳои Тотористон бо меваю сабзавот ва полизиҳои аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон ёдовар шуда, ҷонибҳо муҳимияти ҳамкориҳои байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Тотористонро дар соҳаи кишоварзӣ таъкид намуданд.
Баргузории форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Тотористон воситаи хуби густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, бахусус сармоягузорӣ, истеҳсолоти саноатӣ, комплекси логистикӣ ва агросаноатӣ, бонкдорӣ, муҳоҷират ва тандурустӣ маънидод гардид.
Барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ҳамчунин истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, бунёд ва таъмини фаъолияти паркҳои технологӣ дар Тоҷикистон, таъсиси биржаҳои муштараки меҳнатӣ ва омодасозии мутахассисони соҳибтаҷриба барои соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон зарур шуморида шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба имкониятҳои фаровони рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сайёҳӣ, илму маориф ва фарҳанг табодули афкор намуданд.









Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд






