Наврӯз саршори неруи тавонои ваҳдатсоз аст-бардошт аз конференсияи илмӣ
ДУШАНБЕ, 19.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Наврӯзшиносӣ дар Тоҷикистон»-таҳти чунин унвон имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ доир гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» гузориш медиҳад, ки ҳамоиши илмиро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз шодбош гуфт.
Зикр гардид, ки тоҷикон дар тӯли таърихи мавҷудияти хеш дар ташаккули фарҳанги моддӣ ва маънавии башарият нақши босазо гузоштаанд. Бинобар ин, аз оғози даврони Истиқлолияти давлатӣ яке аз вазифаҳои муҳим — ин тарғиби дастовардҳои маънавиву моддии кишвар ва шиносонидани тоҷикон ба ҷаҳониён чун халқи тамаддунофар ва фарҳангзо буд. Бо дарки ин матлаб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рӯнамоии дастовардҳои моддию маънавӣ ва эҳёи мақоми таърихиву фарҳангии халқи тоҷик пайваста талош кардаанд.
Академик Фарҳод Раҳимӣ дар идома Наврӯзро аз қадимтарин ва башардӯсттарини ҷашнҳои рӯйи Замин номида, зикр кард, ки ин ҷашн бо махсусиятҳои хоси худ ба падидаи беҳамто ва нодири ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Наврӯз ҷашни умумимиллӣ буда, дар фитрати худ заррае нишонаи тафриқагузорӣ надорад. Наврӯз саршори неруи тавонои ваҳдатсоз аст ва башарро ба пайвастани риштаи робитаҳои пешинаи инсонҳо даъват менамояд. Наврӯз падидаи хоси фарҳанги маҳз ориёнажодон буда, рӯҳияву анъанаҳои зиндаи онҳоро дар худ таҷассум сохтааст.
Дар ҳамоиши илмӣ олимон ва пажӯҳишгарон, аз ҷумла доктори илмҳои филологӣ Абдунабӣ Сатторзода, доктори илмҳои филологӣ Мирзо Муллоаҳмадов, номзади илмҳои филологӣ Рӯзӣ Аҳмадов ва дигарон иштирок намуда, дар мавзӯъҳои «Наврӯз дар адабиёт», «Наврӯз ва худшиносии миллӣ», «Бозтоби фарҳанги Наврӯз», «Баҳору датовези ёр», «Наврӯз ҷашни мардумӣ», «Тасвири зебоиҳои баҳор ва ҷашни Наврӯз дар ашъори Рӯдакӣ», «Наврӯзи Яғноб», «Наврӯз ва нақши он дар фарҳанги тамаддуни исломӣ», «Наврӯз ҷашни эътидол ва назму низом», «Асосҳои иҷтимоии Иди Наврӯз», «Назари нав ба таҳқиқи бунёдии таърих» маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки як бахши умдаи адабиёти форсии тоҷикӣ аз шеъри баҳория ва шеъри наврӯзӣ иборат мебошад. Дар адабиёти ҷаҳонии гузашта ва муосир адабиёте нест, ки дар он зебоиҳои фасли баҳор, аз ҷумла Наврӯз тавсиф ва тасвир нашуда бошанд. Аз устод Рӯдакӣ сар карда, то устод Айнӣ дар васфи баҳор ва Наврӯз шеърҳо ва ё байтҳо дар бораи зебогиҳои ин фасли баҳору Наврӯз эҷод шудаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Наврӯз муҳимтарин ҷашнест, ки беҳтарин хусусиятҳои мероси фарҳанги бадеиву эстетикии тоҷикон, инчунин мардумони дигари Осиёи Марказиро дар худ инъикос кардааст. Инчунин Наврӯз густурдатарин ҷашнест, ки дар заминаи қонунҳои табиат ва далелҳои умумифарҳангӣ ба вуҷуд омадааст.
Аз ин рӯ, пажӯҳиши ин ҷашн бояд аз нуқтаи назари таърихиву фарҳангии замони муосир сурат гирад. Зеро ҳамчун бахши ҷудонопазири рӯзгору фаъолияти меҳнатии мардум ҳамеша ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва маънавию эҷодии ҷомеа таъсири фаъолона дорад.
Донишмандони дигар низ дар бораи Наврӯз, хосиятҳо ва суннатҳои он, арзишҳову таърихи он, тарзи нигоҳ доштани сунатҳои наврӯзӣ ва муосиртар кардани он пешниҳодҳои мушаххас баён карданд.
Конференсияи илмии «Наврӯзшиносӣ дар Тоҷикистон» дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар чандин бахшҳо идома ёфт.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






