Наврӯз саршори неруи тавонои ваҳдатсоз аст-бардошт аз конференсияи илмӣ

Март 19, 2019 13:20

ДУШАНБЕ, 19.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Наврӯзшиносӣ дар Тоҷикистон»-таҳти чунин унвон имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ доир гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» гузориш медиҳад, ки ҳамоиши илмиро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз шодбош гуфт.

Зикр гардид, ки тоҷикон дар тӯли таърихи мавҷудияти хеш дар ташаккули фарҳанги моддӣ ва маънавии башарият нақши босазо гузоштаанд. Бинобар ин, аз оғози даврони Истиқлолияти давлатӣ яке аз вазифаҳои муҳим — ин тарғиби дастовардҳои маънавиву моддии кишвар ва шиносонидани тоҷикон ба ҷаҳониён чун халқи тамаддунофар ва фарҳангзо буд. Бо дарки ин матлаб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рӯнамоии дастовардҳои моддию маънавӣ ва эҳёи мақоми таърихиву фарҳангии халқи тоҷик пайваста талош кардаанд.

Академик Фарҳод Раҳимӣ дар идома Наврӯзро аз қадимтарин ва башардӯсттарини ҷашнҳои  рӯйи Замин номида, зикр кард, ки ин ҷашн бо махсусиятҳои  хоси худ ба падидаи беҳамто ва нодири ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Наврӯз ҷашни умумимиллӣ буда,  дар фитрати худ заррае нишонаи тафриқагузорӣ надорад.  Наврӯз саршори неруи тавонои ваҳдатсоз аст ва башарро ба пайвастани риштаи робитаҳои пешинаи инсонҳо даъват менамояд. Наврӯз падидаи хоси фарҳанги маҳз ориёнажодон буда, рӯҳияву анъанаҳои зиндаи онҳоро дар худ таҷассум сохтааст.

Дар ҳамоиши илмӣ олимон ва пажӯҳишгарон, аз ҷумла доктори илмҳои филологӣ Абдунабӣ Сатторзода, доктори илмҳои филологӣ Мирзо Муллоаҳмадов, номзади илмҳои филологӣ Рӯзӣ Аҳмадов ва дигарон иштирок намуда, дар мавзӯъҳои «Наврӯз дар адабиёт», «Наврӯз ва худшиносии миллӣ», «Бозтоби фарҳанги Наврӯз», «Баҳору датовези ёр», «Наврӯз ҷашни мардумӣ», «Тасвири зебоиҳои баҳор ва ҷашни Наврӯз дар ашъори Рӯдакӣ», «Наврӯзи Яғноб», «Наврӯз ва нақши он дар фарҳанги тамаддуни исломӣ», «Наврӯз ҷашни эътидол ва назму низом», «Асосҳои иҷтимоии Иди Наврӯз», «Назари нав ба таҳқиқи бунёдии таърих» маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки як бахши умдаи адабиёти форсии тоҷикӣ аз шеъри баҳория ва шеъри наврӯзӣ иборат мебошад.   Дар адабиёти ҷаҳонии гузашта ва муосир адабиёте нест, ки дар он зебоиҳои фасли баҳор, аз ҷумла Наврӯз тавсиф ва тасвир нашуда бошанд. Аз устод Рӯдакӣ сар карда, то устод Айнӣ дар васфи баҳор ва Наврӯз шеърҳо ва ё байтҳо дар бораи зебогиҳои ин фасли баҳору Наврӯз  эҷод шудаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Наврӯз муҳимтарин  ҷашнест, ки беҳтарин хусусиятҳои мероси фарҳанги бадеиву  эстетикии тоҷикон, инчунин мардумони дигари Осиёи Марказиро дар худ инъикос кардааст. Инчунин Наврӯз густурдатарин ҷашнест, ки дар заминаи қонунҳои табиат ва далелҳои умумифарҳангӣ  ба вуҷуд омадааст.

Аз ин рӯ, пажӯҳиши ин ҷашн бояд аз нуқтаи назари таърихиву фарҳангии замони муосир сурат гирад. Зеро ҳамчун бахши ҷудонопазири рӯзгору фаъолияти меҳнатии мардум ҳамеша  ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва маънавию эҷодии ҷомеа таъсири фаъолона дорад.

Донишмандони дигар низ дар бораи Наврӯз, хосиятҳо ва суннатҳои он, арзишҳову таърихи он, тарзи нигоҳ доштани сунатҳои наврӯзӣ ва муосиртар кардани он пешниҳодҳои мушаххас баён карданд.

Конференсияи илмии «Наврӯзшиносӣ дар Тоҷикистон» дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар чандин бахшҳо идома ёфт.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Март 19, 2019 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»