Оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Осоишгоҳи «Баҳористон» барои 100 ҷойи хоб

Март 31, 2019 19:15

ДУШАНБЕ, 31.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 31 март дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонию созандагӣ дар Осоишгоҳи «Баҳористон» шинос шуда, бо дарназардошти талабот ба ҷойҳои нави истироҳату табобат барои бунёди бинои наву муосири бо тарҳи замонавӣ бунёдшаванда санги асос гузоштанд.

Иншооти нав, дар ҳудуди Осоишгоҳи «Баҳористон», дар як мавзеъи хеле хушбоду ҳавои соҳили «Баҳри Тоҷик» аз тарафи Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат хоҳад буд. Баландии бино 27 метрро ташкил дода, масоҳати умумии сохтмони иншоот 8 ҳазору 444 метри мураббаъ мебошад.

Дар ҳудуди бинои нави осоишгоҳ ҳавзи шиноварӣ барои калонсолон ва кудакон бо майдончаҳои бозӣ ва корти теннис ба нақша гирифта шудааст. Дар қисми дигар барои фароғати истироҳаткунандагон гулгашт бо фаввораҳо ва айвончаҳои зебову мунаққаш бунёд мешавад.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди бинои нави Осоишгоҳи «Баҳористон» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳо ва истифодаи меъёрҳои меъморӣ, бо нақшу нигори миллӣ ва санъати волои бунёдкориҳо оро додани бино дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ошёнаҳои аз якум то панҷуми бино толорҳои зиёфат, гуфтушунид, ҳуҷраҳои хизматрасонии корӣ, ошхона, ҳаммом, хонаҳои хоб барои 100 ҷой, ҳуҷраҳо барои қабули меҳмонони олиқадр, машқгоҳ ва ғайра сохта мешавад.

Осоишгоҳи «Баҳористон» соли 2011 бо дастури бевоситаи Сарвари давлат бунёд шуда, имрӯз ба як макони сайру саёҳат ва истироҳату табобати мардум табдил ёфтааст.

Осоишгоҳ аз 6 бино иборат аст ва барои қабули беш аз 800 нафар мизоҷ пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо 400 нафар бо маоши миёнаи 1000 сомонӣ ба мардум хизмат мерасонанд.

Оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Осоишгоҳи “Баҳористон” барои 100 ҷойи хоб 31.03.2019

Март 31, 2019 19:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Вашингтон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон