Оғози корҳои сохтмонии як меҳмонхонаи замонавӣ дар шаҳри Норак

Март 20, 2019 09:41

ДУШАНБЕ, 20.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии як меҳмонхонаи замонавӣ, ки начандон дуртар аз Неругоҳи барқи обии “Норак” дар мавзеи хушбоду ҳавои соҳили дарёи Вахш сохта мешавад, оғози расмӣ бахшиданд.

Аснои муаррифии лоиҳа ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхонаи мазкур дар масоҳати 0,46 га аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад.

Бинои меҳмонхона аз 4 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он бунёди толори варзишӣ, ду ошхона, ҳаммом, буғхона, ҳавзи шиноварӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ошёнаи якум ҷойи таомхурӣ, толори баргузории конфронс, утоқҳои корӣ ва як ошхонаи дигар низ сохта мешаванд.

Тибқи лоиҳа, бунёди ҳуҷраҳои хоб, толори фароғатӣ, ҳаммом, ҳуҷраҳо барои меҳмонони олиқадр ва толори хурди варзишӣ дар ошёнаҳои сеюму чорум пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин дар ҳудуди ин меҳмонхонаи замонавӣ биноҳои ёрирасон ва таваққуфгоҳ низ сохта мешаванд.

Оғози корҳои сохтмонии як меҳмонхонаи замонавӣ дар шаҳри Норак 20.03.2019

Март 20, 2019 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд