Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон

Март 23, 2019 07:44

ДУШАНБЕ, 23.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурӯдгоҳи байналмилалии Бохтар роҳбарияти вилояти Хатлон истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Хатлон аз калонтарин вилоятҳо дар мамлакат буда, дар замони соҳибистиқлолии Ватан бо дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи бевоситаи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои зиёд дар тамоми бахшҳо ноил гардидааст.

Имрӯзҳо фазои идонаи наврӯзӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят танинандоз буда, сокинон бо шукргузорӣ аз сулҳу оромии Ватан ин ҷашни ҷаҳониро бо дастовардҳои меҳнатӣ дар тамоми бахшҳо истиқбол мегиранд.

Март 23, 2019 07:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд