ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад

Март 4, 2019 08:06

ДУШАНБЕ, 04.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо  борон меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар ғарби вилоят боридани борон ва барф дар назар аст. Дар ин минтақа ҳаво   шабона 3-8 дараҷа сард  шуда, рӯзона  1-6 дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳавои абрнок шуда, барфи тар меборад.  Ҳаво   шабона  аз 12-17 то 30- 35 ва рӯзона аз 2-7  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст.   Шамол аз самти ғарб  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 1-6 ва  рӯзона 10-15 дараҷа гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7-12 дараҷа сард шуда,  рӯзона 0-5  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар доманакӯҳҳо борон ва барф борида, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6  ва рӯзона 12-17  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард шуда,  рӯзона 7-12 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борон меборад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст.   Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва  рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар  кӯҳҳо  шабона аз 5-10 то 15  дараҷа  сард шуда,  рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.   Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3  ва рӯзона 12-14 дараҷа гарм мешавад.

Март 4, 2019 08:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд