Озмуни вилоятии «Сайри гули лола» дар Хуҷанд рӯзҳои таҷлили Наврӯз баргузор мешавад

Март 19, 2019 14:09

ХУҶАНД, 19.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд ба худ намуди идона гирифтааст. Зеро кӯчаву хиёбонҳо, бинову маҳаллаҳо ва мавзеъҳои истироҳатии шаҳр файзи наврӯзӣ касб кардаанд.  Инчунин дар шаҳр омодагиҳо ба озмуни вилоятии «Сайри гули лола» ҷараён доранд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ҷиҳати густариши корҳои ободонию сабзазоркунӣ дар маҳал, ташвиқу тарғиби фарҳанги зебоипарастӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ бобати ташкил ва гузаронидани озмуни вилоятии «Сайри гули лола» дар солҳои 2019-2021  қарори Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид.

Тавре ба хабарнигори  АМИТ  Ховар масъулини Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд, омодагӣ ба баргузории озмуни вилоятии «Сайри гули лола» дар сатҳи зарурӣ қарор  дошта, чорабиниҳои асосии он дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-и маркази вилоят баргузор мегарданд. Дар ҷараёни  озмун намоиши гуногуни лолаҳову гулҳои ороишиву ҳамешасабзи рангоранг ва ҳунарҳои эҷодии рассомону нақшкашон, гулпарварону ороишгарон, ки дар мавзӯи лола бо шаклу намудҳои гуногун офарида шудаанд, манзур мегарданд. Ҳамзамон аз ҷониби донишҷӯёну толибилмон композитсияи адабӣ-фарҳангӣ, қироати шеъру байтбарак, бадеҳа дар васфи гули лола манзури ҳозирин мегардад.

Ба иттилои манбаъ, ҳадафи асосии озмун густариш додани корҳои ободонию сабзазоркунӣ дар шаҳру ноҳия, деҳоту маҳаллаҳо ва инчунин ташвиқу тарғиби фарҳанги зебоипарастӣ ба ҳисоб рафта, дар барномаи мазкур ширкати иштирокчиён, гулпарварону дӯстдорони зебоӣ аз манотиқи гуногуни кишвар дар назар аст.

Озмуни «Сайри гули лола» дар се давр —  аввал дар сатҳи маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳрак (то 18 март), давраи дуюм -даври шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятӣ  25 март дар маркази вилоят баргузор гардида, ғолибон дар даври сеюм, яъне  ҷумҳуриявӣ, ки моҳи апрел дар пойтахти кишвар доир мегардад, иштирок менамоянд.

Озмун аз рӯи бахшҳои «Ороиши беҳтарин», «Гулдастаи беҳтарин», «Икебанаи беҳтарин», «Рассоми беҳтарин» ва «Гулпарвари беҳтарин» гузаронида шуда, беҳтаринҳо аз рӯи нишондиҳандаҳои зерин, чун шумораи истифодаи ҳарчи бештари намуди гулҳо, аз ҷумла, гули лола, интихоби композитсияву дизайни ҷолиб, сифати кор ва ҳолати нашъунамо муайян карда мешаванд. Дар интиҳо ғолибони озмун бо дипломи дараҷаи 1, 2 ва 3, Сипоснома ва маблағи пулӣ аз 1000 то 3000 сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Инчунин худи ҳамон рӯз дар назди маҷмааи  «20-солагии Истиқлолият» Фестивали таомҳои миллӣ бо иштироки ошпазони моҳиру пазандагони шириниҳои миллӣ аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор мегардад.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки ҳоло дар доираи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни вилоятии «Сайри гули лола» дар шаҳри Хуҷанд дар раванди корҳои ободонию чароғонкунӣ сафолакпӯш намудани роҳравҳо, омода намудани фаввораҳо, насби шиору овезаҳо, шинонидани қариб 4000 бех дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, дар кӯчаву боғу хиёбонҳои шаҳр то имрӯз беш аз 1 миллион дона пиёзакҳои 12 намуд гули лола шинонида шудаанд. Интизор меравад, ки то рӯзҳои баргузории чорабиниҳои асосӣ ин гулҳо шукуфта, ба ҳусну намои шаҳр ва ҷойгоҳи асосии барномаҳои наврӯзӣ намуди дилангез хоҳанд бахшид.

Март 19, 2019 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад