Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии Гранд Слам Екатеринбург иштирок мекунанд

Март 13, 2019 15:20

ДУШАНБЕ, 14.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. 15-17 март дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия мусобиқаи байналмилалии  Гранд  Слам оид ба дзюдо баргузор мешавад, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат мекунанд.

Дар ин бора корманди  Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ   ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дода, гуфт, ки ин  сеюмин мусобиқаи Гранд Слам аст, ки соли 2019 баргузор мешавад. Дар мусобиқа иштироки 403 нафар варзишгар (233 мард, 170 зан) аз 48 давлати дунё дар назар аст. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфуз  8 варзишгар – 7 нафар миёни мардон, 1 нафар миёни бонувон  намояндагӣ мекунанд.

Бояд зикр кард, ки  дар вазни -60кг Далер Қурбонҷонов ва Комрон Мамадназаров, дар вазни -66кг Давлаталӣ Назаралиев, дар вазни -73кг Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода, дар вазни -100кг Саидҷалол Саидов, дар вазни +100кг Шакармамад Мирмамадов, инчунин дар вазни -57кг миёни бонувон Шоҳида Қаландарова барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки  дар ду мусобиқаи Гранд Слам, ки дар Париж ва Дюсселдорф доир гардиданд, варзишгарони мо ширкат намуданд, вале аз медалҳо маҳрум монданд. Натиҷаи беҳтарро дар Гранд Слами Дюсселдорф Сомон Маҳмадбеков нишон дод. Ӯ дар вазни -73кг ҷои панҷумро ишғол кард.

Дар Гранд Слами Екатеринбург низ чун анъана ба ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ тақдим мегардад. Барои ҷои якум 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 1500-долларӣ пешбинӣ шудааст.

Варзишгарон ҳамчунин сазовори холҳои олимпӣ мегарданд.

Март 13, 2019 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд