Рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз ҳавои Тоҷикистон тағйирёбанда мешавад
ДУШАНБЕ, 20.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои ҷашни Наврӯз ҳавои Тоҷикистон тағйирёбанда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, 20 марти соли равон рӯзона дар қисми зиёди минтақаҳо ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар охири рӯз борон меборад.
21 март дар қисми зиёди ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
22 марти соли равон рӯзона дар қисмати зиёди ҷумҳурӣ ҳавои абрноки бебориш мешавад. Дар охири рӯз боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
23 март низ дар ҷумҳурӣ аз шаб то саҳар боронҳои кӯтоҳмуддат борида, дар қисматҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳавои Тоҷикистон рӯзи 24 март тағйирёбандаи бебориш боқӣ мемонад.
Бино ба маълумоти Ҷамила Байдуллоева, дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона аз 15-20 то 22-25 дараҷа гарм мешавад. Дар қисматҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа гарм шуда, рӯзона ҳарорат аз 3-8 то ба 10-15 дараҷа мерасад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад






