Раиси палатаи поёнии Парлумони Япония робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистонро бо кишвари худ қаноатманд арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 06.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. 5 марти соли равон ҳайати Парлумони Тоҷикистон дар доираи сафари расмӣ ба Япония бо Раиси палатаи поёнии Парлумони ин кишвар Тадаморӣ Ошима, намояндагони Вазорати муҳити зист, Агентии сайёҳии Вазорати замин, зерсохтор, нақлиёт ва туризм, инчунин Вазорати корҳои хориҷии ин мамлакат мулоқот намуд.
Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, гуфт: «Тадаморӣ Ошима аз вазъи кунунии ҳамкории байнипарлумони Тоҷикистону Япония изҳори қаноатмандӣ намуда, сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистонро ба кишвараш дар тавсеаи равобит ва таҳкими дӯстии парламентҳо ва мардумони ду мамлакат муҳим арзиёбӣ намуд».
Ба иттилои манбаъ, роҳбари ҳайати Парлумони Тоҷикистон Олим Салимзода таъсиси марказҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, аз ҷумла Маркази Япония оид ба рушди инсонӣ дар Тоҷикистонро муҳим ва дарёфти қарзҳои имтиёзнок ба иқтисодиёти Тоҷикистонро мувофиқи мақсад шуморид.
Ҷонибҳо оид ба фаъолият ва нақшаву стратегияҳои сохторҳои давлатии Япония дар самти туризм мубодилаи афкор намуда, хоҳони тақвияти ҳамкорӣ дар ин самт гардиданд.
Инчунин дар ин рӯз ҳайати Парлумони Тоҷикистон бо доираи васеи ҳамватанон, ки дар Япония ба кор, таҳсил ва дарёфти унвонҳои илмӣ машғуланд, суҳбат анҷом дод.
Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати Парлумони Тоҷикистон раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония —раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Абдуғаффор Раҳмонзода, Ҳоким Холиқзода, Гулбаҳор Назирӣ ва Гулбаҳор Ашурзода шомиланд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд






