Рамазон Раҳимзода: «Мақсади асосии ислоҳот-таъмини волоияти қонун ва демократикунонии он дар ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад»
ДУШАНБЕ, 13.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, иҷрокунандаи роҳбари Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе Геррит Зах, намояндагони сафоратхонаҳои хориҷи кишвар, ташкилотҳои хориҷӣ ва сардорони раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи гурӯҳӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия ва вохӯрии ҳамоҳангсозии шарикон доир гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷаласаро Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода оғоз намуда, зикр кард, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ҳанӯз моҳи апрели соли 2012 коркарди санадҳои муҳими барномавӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.
Мақсади асосии ислоҳот, пеш аз ҳама, таъмини волоияти қонун, демократикунонии он дар ҳимояи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад, зеро дар 27 соли охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба вуқӯъ омада, муносибатҳои ҷамъиятии сифатан нав ба вуҷуд оварданд. Дар ин марҳала системаи ҳуқуқӣ ба таври ҷиддӣ тағйир ёфта, амалияи он низ дигаргун шуда истодааст. Мустаҳкам намудан ва инкишоф додани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ яке аз самтҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки милитсия як ҷузъи асосии он мебошад.
-Дар ин ҷода, аз ҳама муҳим, мустаҳкам намудани алоқаи милитсия бо мардум, таъмини шаффофияти фаъолияти он ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани фаъолияти милитсия мебошад, — афзуд мавсуф.
Иҷрокунандаи роҳбари Дафтари САҲА дар Душанбе Геррит Зах зикр намуд, ки Дафтари САҲА дар Душанбе бо Вазорати корҳои дохилӣ ҳамкории зич дошта, баҳри амалигардонии Барномаи ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон корҳои зиёде ба анҷом расонидааст. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои Вазири корҳои дохилӣ дар доираи амалигардонии ислоҳоти милитсия то имрӯз дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа бо ҳуҷраҳои кории нозирони минтақавии милитсия сохта, бо тамоми таҷҳизоти зарурии корбарӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Дар интиҳо, Вазири корҳои дохилӣ оид ба дурнамои ҳамкорӣ дар самти ислоҳоти милитсия ва робита бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ибрози андеша намуд.








Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед






