«САЛОМ, ХУРДТАРАКОНИ АЗИЗ!». Имрӯз — Рӯзи байналмилалии радио ва телевизион барои кӯдакон

Март 3, 2019 09:31

ДУШАНБЕ, 03.03.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи март дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии радио ва телевизиони бачагона  (International Children’s Day of Broadcasting) таҷлил мегардад, ки он имсол ба 3 март рост омад. Ин сана   аз соли 1991 бо ибтикори ЮНИСЕФ –Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) таҷлил мегардад. 

Дар робита ба ин,  якшанбеи аввали моҳи март  кормандони  тамоми шабакаҳои телевизион ва радиоии кишварҳои ҷаҳон барои  кӯдакону наврасон барномаҳои ҷолиб  таҳия намуда, пешкаши шунавандагону тамошобинони хурдсол мегардонанд. Мақсади асосии ин ҷашн васеъ гардонидани  фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи (ВАО) ҷаҳон ҷиҳати ҷалби бештари  таваҷҷуҳ ба масъалаҳои вобаста ба кӯдакон аст.

Бояд зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, шиносоӣ бо арзишҳои волои милливу умумибашарӣ ва қонеъ гардонидани талаботи бадеию эстетикии онҳо 4  сентябри соли 2006 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон — «Баҳористон»  ба фаъолият шурӯъ кард. Ин шабака ҳамарӯза  бинандагони хурдсоли худро бо барномаҳои ҷолиб шод мекунад.

 Дар робита ба Рӯзи байналмилалии радио ва телевизиони  кӯдакон  хабарнигори  АМИТ «Ховар» Ибодат ДАВЛАТЗОДА бо муовини аввали директори Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон — «Баҳористон» Сиёвуш ХИДИРЗОДА ҳамсуҳбат гардид.

«Аз аввали сол ба ифтихори    Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мо Лоиҳаи  «Тоҷикистон- хонаи ман»-ро  оғоз кардем,  ки дар он беш аз 500 нафар кӯдакону наврасон аз   тамоми манотиқи  кишвар иштирок намуданд. Мақсади лоиҳа тасвир намудани зебогии Ватанамон   дар расмҳои кӯдакону наврасон буд, то  бо кашидани расм ва пешниҳоди он  меҳри Ватанро дар дили хурдсолон ҷо кунем. Дар доираи ин лоиҳа кӯдакону наврасони аз 3 то 15-сола иштирок намуда, қариб ҳазор  расми пешниҳодшуда   тариқи шабака  пахш гардиданд. Дар Рӯзи байналмилалии радио ва телевизиони бачагона мо тасмим гирифтаем, ки ғолибони ин лоиҳаро  даъват карда,  онҳоро бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ ва дар шабакаи «Баҳористон» барояшон  сайри хотирмон ташкил  кунем»,- иброз намуд С.Хидирзода.

Номбурда баён дошт, ки айни замон Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон — «Баҳористон»  қариб 50 номгӯй барномаҳо омода намудааст. «Мо дар доираи ҳама самтҳое, ки таълим ва тарбияи насли наврасро фаро мегиранд, барнома таҳия мекунем. Намоишҳои «Парвин», «Нодир», «Бо ҳам меёбем», «Беҳтар аз дӯст», «Ифтихор», «Маҳбуб»,  «Мо ва ҷонварон», «Фикри шумо», «Маҳфили адибони наврас», «Ангубин», «Раҳнавард», «Тоҷикистон — хонаи ман», «Аз сомонаи ТВ «Баҳористон»», «Ифтихор»,  «Таҷриба», «Чигилак»,  «English for  kids»  аз ҷумлаи онҳоянд»,- зикр намуд С.Хидирзода.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки имрӯз офаридани барномаҳои хуби телевизионӣ, ки ба дили тамошобини хурдсол роҳ ёбанд, кори осон нест. «Масъалаи ҷустуҷӯи усулҳои самарабахши истифодаи телевизион ҳамчун воситаи ташаккули шахсияти кӯдак ва ҳимояи он аз таъсири маълумоти зарарнок хеле муҳим аст.  Ҳоло аҳли башар ба ҳазорсолаи нав-ҳазорсолаи сеюм қадам ниҳодаанд. Асри XXI асри пешрафти илму техника ва омӯзиши кайҳон ном бурда мешавад. Таъсири ин таҳаввулот ва дигаргуниҳои техникӣ, пеш аз ҳама, ба кӯдакону наврасон бештар аст. Телевизион низ дар робита ба ин масъала саҳми худро дорад.  Насли навраси имрӯз бо фаҳмишу идрок ва ҷаҳонбиниву ҳушёрӣ хеле тағйир ёфтааст. Талаботи онҳо низ тамоман дигар шудааст ва мо наметавонем бо пешниҳоди барномаҳои маъмулӣ онҳоро қаноатманд созем.  Ҳамаи ин ҷиҳатҳо бояд ҳангоми таҳияи барномаҳои телевизионӣ омӯхтаю ба инобат гирифта шаванд»,- гуфт мусоҳиб.

Ба иттилои С.Хидирзода, яке аз барномаҳои писандидаи тамошобинони ин шабака  барномаи «Бо ҳам меёбем» мебошад. Дар намоиш хонандагоне иштирок менамоянд, ки донишашон аз барномаи мактабӣ фарохтар аст ва барандаи намоиш на ин ки инсон, балки робот мебошад. Аллакай дар ин ҷо таваҷҷуҳ ва ҷалби тамошобин чандтарафа сурат мегирад. Дигар муваффақияти самти кор дар ин барнома он аст, ки  таҳиягарон  пеш аз сабт кӯдаконро аз санҷиш мегузаронанд ва нафароне, ки дар ҳақиқат дониши кофӣ доранд, дар намоиш иштирок менамоянд. Кӯдаконе, ки хоҳиши дар намоиш иштирок кардан доранду донишашон сусттар аст, номнавис гардида, тӯли чанд муддат омодагӣ мебинанд. Баъди гузаштан аз санҷиш онҳо дар барнома иштирок менамоянд. Ин равиш сабаб мегардад, ки хонандагон дар баробари мактаб дар телевизион низ аз пайи илму дониш шаванд.

С.Хидирзода дар суҳбат инчунин зикр намуд, ки Телевизиони кӯдакону наврасон-«Баҳористон» мунтазам бо муассисаҳои томактабӣ ва дабистонҳои кишвар ҳамкорӣ  дорад.

«Маҳз дар натиҷаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ чандин намоишҳои мо тарҳрезӣ шудаанд. Барномаҳои  «Бо ҳам меёбем», «Беҳтар аз дӯст», «Маҳфили адибони наврас», «Ангубин»    аз ҷумлаи онҳоянд. Дар барномаи «Беҳтар аз дӯст», ки бевосита бо иштироки хонандагони  муассисаҳои таълимӣ баргузор мегардад, онҳо бардоштҳояшонро дар бораи  асарҳои нависандагони ватанӣ ва хориҷӣ ҳикоя мекунанд. Инчунин аз минтақаҳои дурдасти кишвар низ пайваста барномаҳои ҷолиб омода мегарданд. Инҳо намоишҳои «Шукуфаҳои умедбахш», «Наво», «Дунёи театр», «Маскани ҳунар», «Шукуфаҳои Истиқлол»,  «Истеъдод», «Офтобак», «Эҳсоси дилҳо»  ва «Андар талоши илм»  мебошанд», — зикр намуд Сиёвуш Хидирзода.

Мавриди зикр аст, ки аввалин бор дар фазои иттилоотии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ  нахустин шабакаи радио барои  ҷавонон бо номи «Ҷавонӣ» таъсис дода шуд, ки 16 октябри соли 1962 барномаи аввалини худро пахш намуда буд. Соли 1964 нахустин барнома барои кӯдакони Тоҷикистон — барномаи маъруфи радиоӣ ва телевизионии «Хоби ширин, хурдтаракон»  рӯи мавҷ омад. Ҳар шом садои барандаи он Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳалима Насибулина кӯдакону   бо ҳам ҷамъ меоард: «Салом. Хурдтаракони азиз! Имшаб ман ба шумо афсонаи…».

Ҳамзамон то соҳибистиқлол гардидани  кишварамон дар радио  ва телвизиони ҷумҳурӣ барномаҳои гуногун барои  кӯдакону наврасон,  ба мисли «Навниҳол», «Хоби ширин, хурдтаракон», «Офарин», «Худ бисоз,  бо мо бисоз», «Калидчаи заррин», «Дастони моҳир» ва ғайра таҳия ва пахш мегардиданд.  Маҳз бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар фазои иттилоотии ҷумҳурӣ рӯйдодҳои муҳим ба вуқӯъ пайваста, шабакаҳои гуногуни радио ва телевизионӣ таъсис дода шуданд. Яке аз онҳо Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакон ва наврасон «Баҳористон» мебошад.

Март 3, 2019 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Бадахшон даври вилоятии фестивали ҳунармандон ҷамъбаст гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ даври ҷумҳуриявии озмун баргузор мегардад
«БО ҲАМ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони муосири тоҷик оғоз шуд
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
Чор иншооти муҳими шаҳри қадимии Панҷакент барқарор карда шуд
Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Дар мактаби миёнаи № 35-и шаҳри Минск ба номи Домулло Азизов барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Рими Италия аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд