«Симои зан–модар дар асарҳои мусаввирони Тоҷикистон». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш ифтитоҳ мегардад
ДУШАНБЕ, 04.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. 5 марти соли равон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар намоиши «Симои зан-модар дар асарҳои мусаввирони Тоҷикистон» ифтитоҳ мегардад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фирдавси Абдулҳамид хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, дар намоиш аз фонди захиравии Осорхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 30 асари рассомон ва 8 нимпайкараи ҳайкалтарошони наслҳои гуногуни тоҷик ба намоиш гузошта мешаванд. Дар асарҳо симои зан–модар, ки аз тарафи рассомон дар солҳои гуногуни асри ХХ офарида шудаанд, ифода ёфтаанд. Ҳар як асар нақши зани тоҷикро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ инъикос менамояд.
Дар намоиши мазкур асарҳои нодири рассомони барҷаста, аз қабили А. Ҳайдаров «Симои Гуландом Сафаралиева», «Симои Зебо Аминзода», «Симои М. Исоева дар нақши Гертруда аз намоишномаи Ҳамлет», «Арӯс», А. Умаров «Модар», И.Л. Лисиков «Симои Зебуниссо Рустамова», А.Н. Камелин, «Симои Зебуниссо», П. П. Бенков «Духтари дуторнавоз», А.Т. Бесперстов «Дӯзанда Зиёда» ба тамошо гузошта шудаанд.
Ҳамзамон дар доираи намоиш дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявии «Инъикоси таърихи занони Тоҷикистон дар асарҳои олимон» баргузор мегардад.
Бояд зикр намуд, ки намоиш «Симои зан-модар дар асарҳои мусаввирони Тоҷикистон» то 15 марти соли равон идома меёбад.








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






