Сокинону меҳмони шаҳри Хоруғ Наврӯзро бо тантанаи хосса истиқбол гирифтанд

Март 22, 2019 11:41

ХОРУҒ, 22.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони шаҳри Хоруғ, маҳмонону сайёҳон аз гӯшаву канори кишвар ва берун аз он ҷашни Наврӯзи хуҷастапайро  дар майдони марказии ба номи Исмоили Сомонӣ истиқбол гирифтанд.

Субҳи барвақт хурду калон ба хиёбони марказии ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, ки хеле зебо ороиш ёфта буд, баромада, ҳамдигарро бо фарорасии  ин иди бостонӣ табрик менамуданд, Духтарон ба китфи меҳмононе, ки вориди  майдон мешуданд, ба нияти оромию осудагӣ ва серию фаровонӣ орд мепошиданд. Дар гӯшаи дигари майдон ба меҳмонон таомҳои миллию маҳсулоти дастии ҳунармандони маҳаллӣ пешкаш мегардид. Гирдогирди майдонро сарояндагону раққосон ҳалқапеч намуда, базми наврӯзӣ барпо намуданд.

Ширкаткунандагони ҷашнро  мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  Муҳиддин Пайшанбезода, Раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамиров ва ҷонишини раиси ВМКБ Назира Амирбекзода бо ҷашни инсону табиат табрик гуфтанд.

Дар майдони асосӣ бозиҳои гуногуни хушҳолкунанда сурат гирифта, ҳунармандон ба иштирокдорони ҷашн нуқлу наво, ғизоҳои болаззат ва инчунин беҳтарин намунаҳои корҳои дастиро пешниҳод карданд.

Як гурӯҳи донишҷӯён аз кишвари ҳамсояи Афғонистон, ки дар  Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ таҳсил мекунанд ва бори аввал дар ҷашни Наврӯзи Тоҷикистон ширкат доштанд, изҳор намуданд, ки «бо чунин шаҳомату зебоӣ бори аввал Наврӯзро истиқбол мегиранд. Орзу дорем, ки рӯзе мардуми мо ҳам мисли бародарони тоҷики худ ин ҷашнро дар чунин фазои орому фарҳбахш пешвоз гиранд. Таманно мекунем, ки ҳар рӯзи  халқи тоҷик мисли Наврӯз бошад».

Баъди барномаи адабӣ -мусиқӣ бозиҳои варзишӣ баргузор гардиданд.

Март 22, 2019 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон