Сокинону меҳмони шаҳри Хоруғ Наврӯзро бо тантанаи хосса истиқбол гирифтанд
ХОРУҒ, 22.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони шаҳри Хоруғ, маҳмонону сайёҳон аз гӯшаву канори кишвар ва берун аз он ҷашни Наврӯзи хуҷастапайро дар майдони марказии ба номи Исмоили Сомонӣ истиқбол гирифтанд.
Субҳи барвақт хурду калон ба хиёбони марказии ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, ки хеле зебо ороиш ёфта буд, баромада, ҳамдигарро бо фарорасии ин иди бостонӣ табрик менамуданд, Духтарон ба китфи меҳмононе, ки вориди майдон мешуданд, ба нияти оромию осудагӣ ва серию фаровонӣ орд мепошиданд. Дар гӯшаи дигари майдон ба меҳмонон таомҳои миллию маҳсулоти дастии ҳунармандони маҳаллӣ пешкаш мегардид. Гирдогирди майдонро сарояндагону раққосон ҳалқапеч намуда, базми наврӯзӣ барпо намуданд.
Ширкаткунандагони ҷашнро мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода, Раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамиров ва ҷонишини раиси ВМКБ Назира Амирбекзода бо ҷашни инсону табиат табрик гуфтанд.
Дар майдони асосӣ бозиҳои гуногуни хушҳолкунанда сурат гирифта, ҳунармандон ба иштирокдорони ҷашн нуқлу наво, ғизоҳои болаззат ва инчунин беҳтарин намунаҳои корҳои дастиро пешниҳод карданд.
Як гурӯҳи донишҷӯён аз кишвари ҳамсояи Афғонистон, ки дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ таҳсил мекунанд ва бори аввал дар ҷашни Наврӯзи Тоҷикистон ширкат доштанд, изҳор намуданд, ки «бо чунин шаҳомату зебоӣ бори аввал Наврӯзро истиқбол мегиранд. Орзу дорем, ки рӯзе мардуми мо ҳам мисли бародарони тоҷики худ ин ҷашнро дар чунин фазои орому фарҳбахш пешвоз гиранд. Таманно мекунем, ки ҳар рӯзи халқи тоҷик мисли Наврӯз бошад».
Баъди барномаи адабӣ -мусиқӣ бозиҳои варзишӣ баргузор гардиданд.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






