Таҷлили Рӯзи Модар дар Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 8, 2019 11:29

ДУШАНБЕ, 08.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки занону бонувони хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати шахсӣ чорабинии тантанавии идона баргузор гардид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз  Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар оғоз Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҳайати шахсии бонувонро бо ин ҷашни фархунда табрик намуд. Мавсуф аз дастовардҳои занону духтарон, ки имрӯзҳо бо ташаббуси Сарвари давлат ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа дар вазифаҳои роҳбарикунандаи раёсату шуъбаҳо ва хадамот фаъолияти пурсамар доранд, сухан карда, саҳми арзандаи занону модаронро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва таҳкими нақши зан дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ зикр намуд. Таъкид гардид, ки имрӯз бонувони тоҷик дар баробари ба дунё овардани тифл, тарбияи фарзанд ва мушкилоти зиндагӣ, боз таъмини суботу оромиро бар ӯҳда доранд, ки ин мояи ифтихор аст.

Имрӯзҳо садҳо нафар хизматчиёни ҳарбии зан дар баробари мардон паҳлӯ ба паҳлӯ истода, дар таъмини ҳифзи сарҳадӣ давлатӣ ва амнияти шаҳрвандон, аз худ истеъдоду лаёқати баланди корбарӣ ва садоқат ба ин пешаи пурифтихорро зоҳир менамоянд. Сипас аз ҷониби ансамбли ҳарбии «Марзбон» ва сарояндагони эстрадаи тоҷик барномаи фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин гардид.

Март 8, 2019 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад